Нашри куллиёти 7 ҷилдаи Лоҳутӣ аз ҷониби Академияи улум

Соли оянда ба муносибати 130 солагии  шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ куллиёти 7 ҷилдаи ӯ аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр хоҳад шуд. Дар ин бора  14 – уми июл Фарҳод Раҳимӣ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дод ва Сахидод Хоркашов Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳоро бори дигар дар назди рӯзноманигорон вазифадор кард, ки худаш бевосита ба иҷрои ин дастур назорат барад.

Ёдовар мешавем, ки куллиёти Абулқосим Лоҳутӣ — шоири инқилобии тоҷик, аз 7 ҷилд иборат буда, нашри он аз солҳои 80-уми асри гузашта, ба муносибати 100 солагии адиби маъруф ба нақша гирифта шуда ҳамон солҳо 2 ҷилди он ба дасти хонанда расида буд.

Аммо ба гуфти марҳум академик Хуршеда Отахонова,  масъули чопи ин куллиёт бинобар кашмакашиҳои дохилӣ дар Тоҷикистон нашри он тамдид шуд. Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 2012 ду ҷилди аввал бори дигар, зери назари Хуршеда Отахонова мунташир гардид. Аммо ҷилдҳои боқимондаи он то ҳол ба дасти хонанда нарасидааст.

Ба саволи — тақдири куллиёти Лоҳутӣ баъди марги Отахонова чӣ шуд? – Фарҳод Раҳимӣ посух дод, ки то соли оянда он нашр хоҳад шуд ва аллакай ҷилдҳои омодаи он ба чопи компютерӣ мешавад.

Аммо бино ба гуфти академик Хуршеда Отахонова чопи компютерии ду ҷилдди нави куллиёт анҷом ёфта ба «Адиб» фиристода шуда баъди гирифтани ҷавоби рад ба нашриёти «Дониш»-и худи Академияи улум супорида шудааст. Ин нуктаро хонум Отахонова дар мусоҳибаи охирашон дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» гуфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *