Нашри “Маснавии маънавӣ” бо теъдоди 10 000 дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе шоҳасари Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ – “Маснавии маънавӣ” дар ду шакл матни комили асар дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд, бо теъдоди 10 000 нусха аз ҷониби Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.
Зулфия Давлатзода Вазири фарҳанги кишвар, дар маросими рӯнамоии “Маснавии маънавӣ”, ки санаи 18 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати аҳли адабу фарҳанги кишвар баргузор шуд, гуфт, ки китоби мазкур аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз такмилу тасҳеҳ ва бо ороиши наву муосир рӯи чоп омад.
Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ва масъули нашри “Маснавии маънавӣ” мегӯяд, ки дар ин шабу рӯзҳои буҳронӣ нашри китоб аз ҷониби сарвари давлат сутуданист:
“Вазъи феълии ҷаҳон ба ҳама маълум. Буҳрони иқтисодӣ кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистони моро фаро гирифтааст. Дар чунин шароит Пешвои миллати мо барои нашри китобҳо маблағ ҷудо мекунанд. Ин ташаббуси сарвари давлат сазовори таҳсин аст.”
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон “Маснавии маънавӣ” бори сеюм ба нашр мерасад. Ин асарро олимони тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Мубашшири Акбарзод ва Баҳриддини Алавӣ ба нашр омода кардаанд. Бори нахуст ин шоҳкори адабиёти форсӣ соли 2008 бо фармоиши Тоҷикистон дар Теҳрон ба нашр расид. Маротибаи дуюм “Маснавии маънавӣ” шомили 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб” гардид. Нашри феълӣ бо тасҳеҳи матн ва сифати баланд дастраси ҳаводорон шуд.
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар рӯнамоии “Масанвии маънавӣ” гуфт:
“Феълан дар компютери ман куллиёти Мавлоно дар 10 ҷилд омодаи нашр аст. Ман беш аз 20 сол шуд, ки бо осори ин шоир ва орифи бузург сарукор дорам. “Маснавии маънавӣ”, ки пешкаши шумо мешавад, дар нашри феълӣ тасҳеҳ шуд, ғалатҳои роҳёфта дар нашрҳои қаблиро ислоҳ кардем.”
Ин олими тоҷик изҳори умедворӣ кард, ки рӯзе маблағ пайдо мешавад, ва заҳмати 20-солаи ӯ – 10 ҷилдаи осори Мавлоно ба нашр хоҳад расид.
Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ яке аз пуркортарин адибони адабиёти форсу тоҷик аст. Нигоштаҳои килки сеҳрангези ин адиби мутафаккир дар “Девони Шамс” ё “Девони кабир”, “Маснавии маънавӣ”, “Маҷолиси сабъа”, “Фиҳӣ мо фиҳӣ” ва “Мактубот”-и ӯ фароҳам омадаанд. Мавқеи ин суханвар дар олами шеъру шоирӣ ончунон баланд аст, ки гурӯҳе вайро ба ҳайси бузургтарин шоири ҷаҳон, ҷамъе бузургтарин шоири адабиёти форсу тоҷикӣ эътироф намудаанд.
“Маснавии маънавӣ” яке аз беҳтарин офаридаи Мавлоност, ки он бо маҳорати баланд навишта шуда, дар он масоили зиёди диниву мазҳабӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ ва иҷтимоию сиёсии замони пурмоҷарои мутафаккир, ки ба лашкаркашиҳои азими истилогарони он замона рост меояд, инъикос ёфтааст. “Маснавии маънавӣ” минбаъд на танҳо ба суханварон, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бетаъсир намонда, шарқшиносони тамоми нуқоти олам аз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори ӯ ёд мекунанд, мардум тавассути матни аслу тарҷумаи мухтасар ё пурра аз офаридаҳои килки сеҳрангези шоир баҳра мебардоранд.
Китоби «Маснавии маънавӣ”-ро алоқмандони осори шоир метавонанд аз мағозаҳои Нашриёти “Адиб” дастрас намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ