Нашри шумораи 20 000-уми «Халқ овози»
Ҳафтаи равон шумораи 20 000-уми кӯҳнатарин рӯзномаи ӯзбекзабон дар Тоҷикистон — «Халқ овози» аз чоп баромад.
Шумораи аввали ин рӯзнома моњи феврали соли 1929 бо номи «Қизил Тожикистон» ба нашр расида, он соли 1955 бо қарори Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номи «Совет Тожикистони»-ро мегирад. Солҳои аввали фаъолият рӯзнома бо ҳуруфи арабӣ, баъдан лотинӣ ва аз соли 1940 бошад, бо алифбои кирилли интишор мешавад. Ибтидо рӯзнома ҳафтае 2-3 маротиба ба чоп мерасид ва солҳои 80-уми асри гузашта теъдоди нашри он 100 000 мерасад.
17 октябри соли 1963 ба муносибати нашри 10 000-умин шумора рӯзнома бо ордени «Байроқи Сурхи меҳнат»-и Президиуми Шӯрои Олии СССР мукофотонида шудааст.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон рӯзнома ба «Халқ овози» табдили ном кард ва маблағгузори он – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ