Насим Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ вазифа гирифт

Насим Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки дар давраи хуруҷи пандемияи коронавирус аз мақомаш барканор шуда буд, директори Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи
Тоҷикистон таъин шудааст.

Ин пажӯҳишгоҳ бо номи “Клиникаи Мансуров” низ маъруф мебошад. Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология бо сарварии академик Ҳамид Мансуров таъсис дода шуда, аввалин пажўҳишгоҳи соҳавии илмӣ-амалӣ оиди омӯзиши бемориҳои узвҳои ҳозима дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дониста мешавад.

Тавре ки сомонаи Pressa.tj хабар ёфт, таъиноти Насим Олимзода бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳафтае пеш сурат гирифта, ӯ дар ин вазифа Саодат Азимзодаро иваз кард. Саодат Азимзода, доктори илмҳои тиб буда, аз соли 2013 инҷониб вазифаи директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон”-ро ба ўҳда дошт. Ҳоло ӯ муовини директор оид ба илм дар ин институти илмӣ-табобатӣ таъин шудааст.

Насим Олимзода кист?
Насим Олимзода 56 сол дошта, доктори илмҳои тиб, профессор мебошад. Ӯ соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст. Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст. Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар риштаи бемориҳои дил (кардиология) дифоъ намудааст.

Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси табиби кардиологи Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши «НАҶОТ»-и Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2009 рисолаи докториро дар соҳаи дилшиносӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқоти профилактикии шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҳимоя кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, аз ин мансаб 5 майи соли равон барканор шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *