Насли нави имрӯз киҳоянд ва ба чӣ корҳо машғуланд?

13 январи соли 2016 Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи эълон намудани соли 2017 «Соли ҷавонон» ба имзо расида буд.

Имрӯз нафаронеро, ки синну солашон аз 14 то 35-сола аст, дар ҷаҳон ҳамчун гурӯҳи ҷавонон мешиносанд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳама зиёдтар ҷавонон дар Осиё зиндагӣ мекунанд.

Group of diverse friends stacking hands outdoor — Happy young people having fun joining and celebrating together — Millennials, friendship, empowering, partnership and youth lifestyle concept

Аз ҷумла, дар Тоҷикистони мо тибқи сарчашмаҳо наздики 70 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Имрӯз ҷавонон бо табъу завқи худ озодона зиндагӣ мекунанд. То андозае озоду интихоби зиёд доранд, ки ҳатто онҳо агар як рӯз ё ҳафта як жанри мусиқиро гӯш кунанд, ҳатман, ки рӯзу ҳафтаи дигар ба намояндагони жанри дигар таваҷҷуҳ мекунанд. Метавон гуфт, ки ҷавонони ҳозира новобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофияшон ба мӯдҳои нав, ба техникаҳои нав ва навгониҳои замони муосир мароқ зоҳир менамоянд.

Дар ин росто метавон гуфт, ки насли нави имрӯз дар баёни ақида ва озодана дар дилхоҳ соҳа фаъолият карданро доранд, ки инро аз кору зиндагии қариб ҳамагон мушоҳида кардан мумкин аст. Мисоли ин шуда метавонад Ютубблоггерон, Инстаграмблоггерон ва Тиктокблоггерон, ки фаъолияти нав ва то андозае самароовар маҳсуб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 17-уми декабри соли 1999 Ассамблеяи Генералии СММ бо як қатъномаи худ пешнищод кард, ки ҳамасола 12-уми август ҳамчун Рӯзи ҷавонон қайд карда шавад. Аз ҳамон рӯз 12-уми август дар ҷаҳон Рӯзи ҷавонон шинохта мешавад.

Таҳияи

Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *