«Настоящее время» ҲНИТ-ро гунаҳгор мекунад
«Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои «Озодӣ” ва «Садои Амрико” – бори аввал ба таври ошкоро ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард.
Дар гузориши «Настоящее Время” гуфта мешавад, ки «ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИТ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд.”Муаллиф Андрей Цыганов изҳор медорад, ки дар пушти ҳамлаи рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара, ки 4 сайёҳ аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсарияро кушта ба ҷо гузошт, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ истодааст: «Ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИТ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Шоҳидон монеи куштани ҳамаи сайёҳон шуданд.”
Вале Ҳусейн Абдусамадов дар мусоҳибааш бештар ба нақши ДОИШ («Давлати исломӣ”) ишора мекунед, то ба ҲНИТ: «Мо аввал роҳи Душанбе – Майхӯраро дидем, вале ягон сайёҳ ба чашмамон нахӯрд. Баъд роҳи Душанбе – Турсунзодаро дидем. Ва баъди ин ба дидани роҳи Душанбе – Кӯлоб рафтем. Дар ноҳияи Данғара 7 сайёҳро вохӯрдем, ки савори велосипед ба тарафи Душанбе мерафтанд. Ба онҳо ҳамла кардем. Аввал – бо мошинҳо, сипас бо корд ҳамла овардем ва аз ҷои ҳодиса фирор кардем.”
Муаллиф мегӯяд, ин нахустин чунин ҳамла дар Тоҷикистон буд ва террористон ҳадафмандона хориҷиҳоро меҷустанд, то дар соле, ки дар ин кишвар Соли рушди туризм эълон шудааст, сару садои ҳадди аксар ба даст биояд ва обрӯи Тоҷикистон дар ҷаҳон паст шавад.
Абдусамадови 32-сола низ дар мусоҳибааш инро тасдиқ мекунад: «Ин ба фоидаи Сурия ва Ироқ буд, ки мо онҷо дар сафи ДОИГ будем. Баъд Қорӣ Носир гуфт, бо ДОИШ маслиҳат шудааст, ки ба сайёҳон ҳамла кунем, то ба Тоҷикистон осеб расида, сатҳаш дар арсаи байналмилалӣ пойин равад.”
Муаллиф дар идомаи гузоришаш мегӯяд, Гулчеҳра Шодмонова, модари 8 фарзанд инро ки писарихурдии ӯ Ҳусейн Абдусамадов ба ҷои таҳсил дар Донишгоҳи тиҷорат ба роҳи террор рафт, низроҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Қорӣ Носирро айбдор мекунад ва талаб дорад, то онҳоро қапида оварда, ба ҷавобгарӣ кашонанд, на писари ӯро.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ