«Настроения»-и Гули Зардро кӣ паронд?

Биё, мебарамат!

Раҳмат, бародар, ман мошин дорам, гуфтамаш.
Гуфт:
Бепул мебарамат, як бор ме…ии, тамом.
Ай бар падарат лаънат! Наход ту зану хоҳар ва ё духтар надошта бошӣ!

Хабарнигори тоҷик Гули Зард дар саҳифааш дар Фейсбук акси мошини марди миёнасолеро нашр кардааст, ки дар кӯчаҳои Душанбе дар пеши занону духтарон манъ карда, ба онҳо пешниҳодҳои бадахлоқона мекунад.

Эҳтиёт бошед!
Ба ӯ фарқ надорад, ки ин Модар аст ё хоҳар ва ё ҷияни нафаре.
Нодидаи бечора аз куҷое пул пайдо карда ҳамин «Қараванро» (дидаву дониста караван неву қараван навиштаам), харидаасту акнун ҳар духтар ё занеро дар роҳ рост истода бубинад, наздаш ист карда, ба «дамгирӣ рафтан даъват мекунад!»
Ҷавонмард нашуда, мур ба ҳамин ҳолат!
Ба сараш кайҳо сафедӣ дамидаву нав акнун савора шудааст ва гумон мекунад, ки олам дар таги пояш…
Кош фарзандон ва ҳамсараш аз ҳамин рафтораш огаҳ шаванд.
Наход аз нисф беши умрро паси сар карда, ақл надошта боши ва ё лоақал одамгариро ёд нагирӣ?
Ман аз дур рафторашро наззора мекардам. Баъд наздиктар рафта худро ба нодонӣ задам. Ӯ бехабар азоне, ки ман аз кирдораш огаҳам ба ман ҳам наздик омада гуфт:
На ҳар зан аз хушнудӣ ба бозор ё ба кор меравад ва агар мо коргарем, пас ин маънои онро надорад, ки ҳар хару нархар метавонад пеши роҳамонро гирифта таҳқир намояд! Бахшиш мепурсам бародарону фарзандони азиз, ман танҳо дар шахсияти ҳамин ронанда, ки рақами мошинаш намоён аст ва инҷо гузошта,суханҳои болоро раво дидаам.
Илоҳо Худо ҷазояшро бидиҳад ва шумо ҳам дониста бошед, ки як бетамиз дар роҳҳои шаҳри Душанбе ҳамсару хоҳар ва духтарони азизатонро таҳқир мекунад.

Гули Зард — Зардова Гули Давляталиевна аз маҳаллаи «Саховат» шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *