Натавонистани шиноварӣ боиси марги 3 нафар гардид
Рӯзҳои истироҳат дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дастикам се нафар, аз ҷумла як кӯдак ва ду ҷавон ғарқ шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ ду сокини деҳаи Парзудчии ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд. Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд, ки яке аз ин ду нафар 22 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст ва бе раҳнамоии пайвандонаш оббозӣ мекардааст. Сабаби марги ин ду нафар беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.
Барои пайдо кардани ҷасадҳои шаҳрвандони зикргаршуда дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуда, то соати 23:30 ҷустуҷӯ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд.
Ҳоло кормандони Раёсат якҷо бо сокинон ва хешовандони ғарқшудаҳо ба ҷустуҷӯ идома медиҳад.
Ичунин Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда хабар медиҳад, ки субҳи рӯзи 4 июли соли равон навбатдори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лейтенанти калон Эмомов Ғанимат ба навбатдори оперативии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар бораи пайдо шудани як ҷасади шахсияташ номаълум дар Кӯли Ҷавонон хабар дод. Мавсуф мегуфт ҷасад дар об аст ва танҳо бахше аз танаи вай намоён шудааст.
Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва ҷасадро аз дохили кӯл бароварда, ба кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино супорид.
То кунун дар бораи ҳуввияти ғарқшуда маълумот дар даст нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ