Натиҷаҳои сели рӯзи гузашта дар Суғд
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, нимаи дуюми рӯзи 8 июл дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел ба амал омадааст, ки дар натиҷа 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард. Раёсат хабар медиҳад, ки корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Инчунин бегоҳии 8 июл баъди боришоти шадид дар деҳаи Понгози ҷамоати деҳоти Понгози ноҳияи Ашт сел омад. Дар натиҷа, об қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байнидеҳаро хароб кард. — хабар медиҳад КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, дар деҳаи Мазори Шарифи канори Панҷакент сел роҳи байни деҳаҳоро, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.
Ба иттилои Кумита, барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса таҷҳизоти вазнини муҳандисӣ фиристода шуда, корҳо идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ