Натиҷаи интихобот эътироф нашуд

Суд дар пойтахти Молдова пирӯзии Андрей Настасе, сиёсатмадореро, ки худро ғолиби интихоботи раиси шаҳри Кишинёв эълон карду ин натиҷаро мухолифон ба чолиш кашиданд, эътироф накард.

Дар мурофиаи рӯзи 19 июн додгоҳи шаҳри Кишинёв натиҷаҳои интихоботи ахирро бекор кард. Настасе, ки аз ҳизби рӯ ба Аврупо намояндагӣ мекунад, гуфт, ки натиҷаҳои судро қабул надорад ва аз тарафдоронаш хост, ки эътирозҳои худро идома диҳанд.Настасе дар овоздиҳии 3 июн беш аз 52 дарсади овозҳоро бурд ва бар номзади рӯ ба Маскав Ион Чебан, намояндаи ҳизби сотсиалистӣ пирӯз шуд. Ҳизби сотсиалистӣ аз нақзи интихобот ба Додгоҳи олӣ шикоят кард. Тарафдорони Настасе баъдан дар Кишинёв раҳпаймоӣ карданд мақомотро дар он айбдор карданд, ки дар сатҳи байналмилалӣ роҳи ӯро ба курсии раиси шаҳр масдуд мекунанд. Ин овоздиҳӣ дар остонаи интихоботи сартосарии кишвар ба унвони як имтиҳон арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *