НАТО аз вазъи ҷаҳон хавотир аст

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, ҳамоиши дурӯзаи раҳбарони кишварҳои узви ин паймони низомиро дар Варшава – пойтахти Лаҳистон – «ҳалкунанда» донист. Столтенберг қабл аз ҳамоиш дар як нишасти хабарии муштарак бо президенти Лаҳистон Анҷей Дуда гуфт, «ҷаҳон нисбат ба чанд соли пеш ба макони хатарноктар табдил шудааст ва НАТО ба ин бо суръат ва қатъият посух хоҳад дод.»

Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви НАТО рӯзҳои 8 ва 9 июл сурат гирифта, мавзӯи Русия ва тақвияти ҳузури нерӯҳои ин созмони низомӣ дар шарқи Аврупо аз масъалаҳои муҳими нишаст будааст.

Столтенберг гуфтааст, «мо дар шарқ маркази фармондеҳии нав таъсис додем ва барои ҷилавгирӣ аз ҳамагуна таҳдидҳое, ки аз хориҷи Аврупо мерасанд, системаи нави зиддимушакӣ сохтем.»

Ин изҳороти дабири кулли НАТО дар ҳолест, ки тақрибан як моҳ пештар вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ин паймони низомиро аз эҳтимоли «афрӯхтани оташи ҷанг» бо доир кардани тамринҳои низомӣ дар марзҳои шарқӣ огаҳ карда ва хоста буд, ба ҷойи тамрини низомӣ бо Русия муколама ва ҳамкорӣ кунад.

Йенс Столтенберг мегӯяд, ки онҳо ҳаргиз гуфтугӯи сиёсиро бо Русия қатъ накардаанд ва шариконашон ҳам дар сатҳи сиёсӣ бо намояндагони гуногуни Русия мулоқот мекунанд. Ӯ афзуд, дар нишасти Варшава «барои муосирсозии дифои дастаҷамъӣ, амнияту суботи берун аз сарҳадҳоямон тасмимҳои нав хоҳем гирифт. Ин тасмимҳо густариши шумори низомиён дар Лаҳистон ва ҳамчунин Эстония, Латвия ва Литваро дар бар мегиранд.»

Қарор аст, дар ин ҳамоиш раҳбарони 28 кишвари узви НАТО иштирок кунанд.

Аз замони таъсисёбии НАТО то кунун 27 мулоқоти сатҳи олӣ баргузор шудааст. Дар саммити Варшава 58 ҳайати расмӣ, аз ҷумла намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал, Бонки Ҷаҳонӣ, Ассамблеяи порлумонии НАТО ва 28 кишвари ҳампаймон иштирок хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *