“НАТО”-и туркӣ” дар Осиёи Марказӣ, оё он имкон дорад?
Мақомоти Туркия ният доранд, ки як блоки нави низомӣ-сиёсии ҳамаи кишварҳои туркзабонро таъсис диҳанд. Ин идея пас аз ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳарчи бештар маъмул гаштааст. Ҳукумати Туркия артиши Озарбойҷонро дар муноқиша бо Арманистон, ки ғалабаи эътимодбахши ҳарбӣ ба даст овард, фаъолона дастгирӣ мекард. Дар паси ин муваффақиятҳои ҳарбӣ, Анкара боз дар бораи таъсиси як блоки ҳарбӣ-сиёсии кишварҳои турк бо Туркия гуфтугӯ оғоз кардааст. Идеяи «Турони бузург» боз имрӯз аз пештара дида, бештар маъмуд гаштааст. Ҷанг, ки дар Қарабоғ, ки бо пирӯзии Озарбойҷон ба поён расид, метавонад қадами аввал дар роҳи таъсиси нерӯи нави низомӣ дар Осиё гардад. Ҳангоми суханронӣ дар паради низомӣ дар Боку ба муносибати хотимаи ҷанг, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон амалан ин идеяи нави созмони нави низомиро эълон кард, ки «адолати таърихиро барқарор мекунанд». Аз ҷумла, ӯ ба зарурати аз Эрон ҷудо кардани минтақаҳои озарбойҷониҳои ин кишвар ишора кард. Изҳороти раҳбари Туркия бахше аз барномаи таблиғотии мақомоти Туркия барои муттаҳид кардани кишварҳои туркзабон ба як блоки ҳарбию сиёсӣ аст. Мақомоти Туркия аз қабл ҷудоихоҳони уйғурро дар Чин дастгирӣ карда, бо ҳукуматҳо ва ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ робита барқарор мекарданд. Васоити ахбори оммаи Туркия эълом медоранд: вақти он расидааст, ки халқҳои туркӣ дар як иттиҳоди ягона муттаҳид гарданд, ки нақшаҳои он ҳар рӯз равшантар мешаванд. Агар қаблан дар Анкара онҳо ин шиорро истифода мебурданд, ки «як забону ду давлат» (манзурашон Туркия ва Озарбойҷон), имрӯз «як забону панҷ давлат» мегӯянд. Аввалин номзад ба ба ин итттифоқ дар Осиёи Марказӣ ин Туркманистон аст. Ба наздикӣ ғхдар як конфронс бахшида ба 25-умин солгарди эълони Туркманистон ҳамчун як давлати бетараф, Эрдуғон Ашқободро ба узвият дар Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон даъват кард. Ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ дар байни ду кишвар фаъолона рушд мекунад. Туркия бо ҳадафи таъсиси ҳузури худ дар минтақаи Каспий, як қатор шартномаҳо оид ба интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Туркманистон, пеш аз киштиҳои посбониро ба имзо расонд. Ҳамин тариқ, сарфи назар аз принсипи амалкунандаи мавҷуд набудани давлатҳои ғайри сроҳили Каспий, онҳо аллакай дар ин минтақа пайдо шуданд. Туркия бо дигар давлатҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои низомии наздик барқарор мекунад. Дар охири моҳи октябри соли 2020 байни Туркия ва Узбекистон созишномаи нави ҳамкориҳои низомӣ ба имзо расид. Тибқи шартҳои шартномаи дуҷониба, ин кишвари Осиёи Марказӣ дар қаламрави худ истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯши туркиро оғоз намуд. Силоҳҳои Туркия бозори минтақавиро фаъолона забт мекунанд. Ҳамин тариқ, мақомоти Қазоқистон ният доранд, ки дронҳои туркии Байрактар ТБ-3 -ро харидорӣ кунанд. Худпарвозҳои нав ҳанӯз ба истеҳсолот ворид нашудаанд, аммо харидорони эҳтимолӣ аллакай барои харидани онҳо омодаанд. Хусусан пас аз муваффақияти ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ Bayraktar TV2 бозори он серхаридор шуд. Моҳи ноябри соли 2020 як қисми техникаи ҳарбии Туркия ба нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон дода шуд. Масъулини Анкара омодагии худро барои рушди фаъолонаи муносибатҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро бо ин кишвар пинҳон намедоранд. Коршиносони ҳарбӣ Александр Михайловский мегуяд, ки амали Туркия дар Осиёи Марказӣ бо ҳадафи муайян амали мегардад. Мутахасар мусоҳиба ҳадафҳои афзалиятноки Эрдуғонро дар минтақа номбар кард ва дурнамои ташкили блоки ягонаи ҳарбӣ-сиёсии туркиро арзёбӣ кард. «Ин ғоя нав нест, онро дар ибтидои асри 20 аъзои ҳизби ҷавонтуркҳо — он вақт ҳизби ҳокими Туркия фаъолона таблиғ мекарданд. Пас аз он, бисёре аз пешвоёни он, алахусус, қаҳрамони дӯстдоштаи Эрдуғон- Анвар Подшоҳ, ҳаракати босмачиро дар Осиёи Миёна ташкил карданд ва кӯшиш намуданд, ки халқҳои маҳаллиро дар заминаи ваҳдати забонӣ ва фарҳангии ҳамаи туркҳо муттаҳид кунанд. Агар шумо ба нақшаҳои ҷавонтуркҳо нигаред, мебинед, ки онҳо мехоҳанд як империяе созанд, ки худро бо Чин, Эрон ва Русия муқобил гузошта тавонад. Туркия на танҳо бо ҳукуматҳои ин кишварҳо, балки бо ҳаракатҳои туркӣ робита барқарор мекунад.Ин кишвар ифротгароҳои туркиро дар Чин, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Аз онҳо даъват шудааст, ки халқҳои туркзабро дар саросари ҷаҳон муттаҳид созанд. Ин созмон дар Озарбойҷон ҷонибдорон дорад, тавре ки дидем, дар Эрон низ ҳастанд. Дар асл, байни кишварҳо ва халқҳои турк зиддиятҳо зиёданд. Масалан, муносибатҳои байни Узбекистон ва Қирғизистонро гирем. Худи ҳукуматҳо омодаанд аз Туркия кумаки низомӣ бигиранд, аммо онҳо намехоҳанд бо Русия муносибаташонро бад кунанд” мегуяд таҳлилгари рус ба нашрияи “Московский комсомолетс”.
Айни замон дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре, ки аз доираи таваҷҷӯҳи Туркия барои ҷалби он ба “НАТО-и туркӣ” берун мондааст, ин Тоҷикистони форсзабон аст…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ