НАТО теъдоди дипломатҳои Русияро коҳиш медиҳад
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, иҷозатномаи кори 8 узви маъмурияти дипломатии Русия дар қароргоҳи ин эътилофи низомӣ дар Брюссел ба далели «корманди пинҳонии хадамоти махсуси он кишвар будан» бозхон шудааст.
Масъулони НАТО дар пайи ошкор шудани фаъолияти «кормандони хадамоти махсуси Русия» тасмим гирифтаанд, ки шумораи кормандони маъмурияти дипломатии он кишварро аз 20 то ба 10 нафар кам кунанд.
Столтенберг рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, «тасмими ихроҷи шаҳрвандони Русия ба ҳодисаи муайяне рабт надорад». Ба гуфтаи ӯ, вақтҳои ахир дар НАТО афзоиши фаъолиятҳои душманонаи Русияро нисбат ба Аврупо назорат мекарданд ва ихроҷи дипломатҳо низ вокуниш ба ҳамон амалкардҳо мебошад. Вале вай ҷузъиётро шарҳ надод.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, Москва тасаввур намекунад, ки имкони ба эътидол омадани муносибатҳо ва аз саргирии муколама бо НАТО ба миён хоҳад омад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки коҳиши шумори кормандони маъмурияти дипломатии ин кишвар дар НАТО «Москваро дар ҳайрат андохт, вале барояш ғайриинтизор набуд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ