Навалний ба Маскав меравад

Алексей Навалний дар як суҳбате бо телевизиони Си Би Эс-и Амрико, ки рӯзи 18-уми октябр нашр шуд, гуфт, азм дорад, баъд аз чанд моҳ ба Русия баргардад ва кори нотамомашро идома бидиҳад.

Ӯ дар шаҳри Берлин бо Си Би Эс суҳбат кардааст, ки онҷо баъди заҳролуд шуданаш аз моддаи кимиёвии кушанда аз гуруҳи «Новичок» муолиҷа мегирифт. Алексей Навалний, ки моҳи август дар дохили ҳавопаймо бемор шуд, иддао дорад, ки заҳролуд карданаш кори дасти мақомоти Маскав аст. Ӯ мегӯяд, ки ҳар рӯз барои дармон ба шифохона меравад ва ҳанӯз ҳам эҳсоси карахтӣ дорад. Алексей Навалнийро рӯзи 22-уми сентябр баъди 32 рӯзи муолиҷа аз шифохонае дар Берлин ҷавоб доданд. Ӯ дар мусоҳибааш мегӯяд, ки баъди даст расондан ба зарфи пластикии об заҳролуд шудааст. Ба қавли Навалний, заҳри қотил на дар дохили оби нӯшиданӣ, балки дар бадани худи зарфи он будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *