Навалнийро якмоҳа ҳабс карданд

Боздошти сиёсатмадори 44-сола маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард ва аксар раҳбарони ғарбиву аврупоӣ аз Русия талаб карданд, ки ӯ билофосила озод шавад.

Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф, аз мардуми Русия хост, ки ба нишони эътироз аз ҳукми ҳабси ӯ ба хиёбонҳо бароянд. Навалний шоми 17-уми январ баъди муолиҷа аз заҳролудшавӣ аз Олмон ба Маскав баргашт. Ӯро дар фурудгоҳ дастгир карданд.
Рӯзи 18-уми январ дар мурофиаи судие, ки дар бинои идораи полис баргузор шуд ва онро Навалний»масхараи адолат» номид, додрас гуфт, ӯ то 15-уми феврал дар ҳабс мемонад. Мақомоти Русия гуфтанд, Навалний ҳукми ҳабси шартӣ аз рӯйи парвандаи соли 2014 оид ба фасодкориро поймол кардааст, аммо худи Навалний инро рад мекунад.
Навалний дар як изҳороташ, ки 18-уми январ дар YouTube нашр шуд, гуфт, «натарсед, ба хиёбонҳо бароед. Барои ман не, барои худатон ва ояндаи худ берун бароед.»
Боздошти сиёсатмадори 44-сола маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард ва аксар раҳбарони ғарбиву аврупоӣ аз Русия талаб карданд, ки ӯ билофосила озод шавад.
Ёварони Навалний гуфтанд, ӯ ба ҳуқуқшиносон дастрасӣ надошт ва дар бораи мурофиа танҳо дар толори додгоҳ хабардор шуд. Кира Ярмиш видеои Навалнийро дар додгоҳ нашр кард, ки дар он ӯ бо ишора ба Путин мегӯяд, президент аз тарс нагузошт, ки тамоми ҷараён мутобиқи қонун гузарад.
Вакилони мудофеъ гуфтанд, давоми наздик ба як шабонарӯз дар ҳабс Навалний аз ҳуқуқшинос маҳрум буд ва онҳо намедонистанд, ки ӯ чӣ ҳол дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *