Наваскар Даниил Исломов чаро зиндонӣ шуд?

Мақомоти прокуратураи ҳарбии вилояти Хатлон чанде пеш иттилоъ дод, ки даъватшудаи 18-сола Даниил Исломов моҳи апрели соли равон аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба хизмат дар як қисми Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар дар ноҳияи Бохтар ҷалб шуд. Аммо дар артиш эътироз намудааст, ки мазҳаби онҳо – «Шоҳидони Яҳво» («Свидетели Иегово») пӯшидани либоси ҳарбиро иҷозат намедиҳад. Ӯ пешниҳод кардааст, ки бар ивази ду соли хизмат омодааст дар артиш ба корҳои ғайринизомӣ машғул шавад.

Ин дархости Даниил Исломов рад шуд ва ӯ ба айби сарпечӣ аз иҷрои вазифаҳои низомӣ маҳкум гардид. Ҳоло ӯ дар зиндони низомаш сангини шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад.

Мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” аз ҷумла таълим медиҳад, ки пайравони онҳо набояд силоҳ бигиранду ҷанг омӯзанд ва либоси ҳарбӣ пӯшанд. Фаъолияти ин созмони динии насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи иттиҳодияҳои динӣ дар итоаташ буд, мамнӯъ эълон ва сипас аз тарафи суд тасдиқ шуд. Мақомот мегӯяд, дар понздаҳ соли ахир бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон як пайрави мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” бо ҷурми сарпечӣ аз пӯшидани либоси низомӣ равонаи зиндон гардид.

Дар Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ аст ва ба ҳеҷ гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз дода намешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *