Наваскарони КҲФ дар Боғи Ғалаба савганд ёд карданд

9-уми декабри соли 2021 дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии  КҲФ қасами ҳарбӣ ёд карданд. Дар ин рӯз 120 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хешу табор, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон, меҳмонони даъватшуда сарбозон даст ба силоҳ бурданд ва савганди садоқат ба номи Ватан ёд карданд ва қавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона ба ҷо меоранд, озодӣ ва истиқлоли давлатро мардонавор муҳофизат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, сарбозони интернатсионалист, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии наздиктарин ва волидону наздикони наваскарон ширкат варзиданд.

— Пас аз маросими тантанавии савгандёдкунӣ муовини раиси Кумита полковник Иброҳимзода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидайни хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ суҳбат карда, ба ҳама саволҳои онҳо посух додаву ба аҳли хонаводаи наваскарон рақамҳои телефонҳои фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва мутасаддиёни дигарро пешниҳод карданд, то дар зарурат озодона тамос гиранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *