Навбати нон ё таҳлукаи ҷон (навор ва сурат)

Бо вуҷуди изҳороти пайдарҳами мақомот дар мавриди қайд нашудани короновирус дар Тоҷикистон ҳароси мардум идома дорад ва онҳо барои харидани орду равған дар бозорҳо навбат меистанд. Нархи маҳсулоти ниёзи аввали хӯрокворӣ низ дар бозорҳо қиммат шудаистодааст.

Субҳи имрӯз журналист Зеваршо Муҳаммад аз бозори “Фаровон” гузорише нашр кардааст, ки мардум барои харидани орд навбат мепоянд. Зеваршо Муҳаммад менависад:

“Рости имрӯз шоҳиди саҳнае дар бозори “Фаровон”-и пойтахт шудам, ки маро ба ёди солҳои 1992 андохт, ки мардум соатҳо дар навбати нон буданд. Ин шабу рӯзҳо мардум аз тарси “Коронавирус” тарҷеҳ медиҳанд, ки захираи маводи ғазоиро ба сурати якҷо (Оптом) аз фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои кишвар анҷом диҳанд. Дар баъзе фурӯшгоҳҳои кишвар ин мавзӯъ боиси боло бурдани нархи молу маҳсулоти ғизоӣ шуда, сабаби холӣ шудани қафасҳои фурӯшгоҳҳо шудааст.

Ҳарчанд радио ва телевизиони Тоҷикистон аз дирӯз огаҳиҳо пахш мекунанд, ки “Мардум ҳеҷ нигаронӣ аз камбуди маводи ғизоӣ дар кишвар надошта бошанд, зеро захирагоҳҳо ва дар анборҳои стратегии кишвар маводи аввалия пур аст ва зарфиятҳои тавлидоти дохилӣ дар Тоҷикистон тақозои мардуми кишварро ба роҳатӣ метавонад таъмин кунад. Ҳеҷгуна нигаронӣ аз камбуди маҳсулоти ғизоӣ мардум надошта бошанд.”

Ҳамҷунин масъулини бозори “Фаровон” мегӯянд, ки теъдоди харидорони зиёд ва мошинҳои дар дохили бозор гирд уфтода имкони ворид шудани мошинҳои пур аз ордро, ки пушти дарвозаи бозор истодаанд намедиҳанд.”

Гузориши тасвирии Зеваршо Муҳаммад ин ҷост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *