Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад даргузашт
Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад дар синни 76 солагӣ Душанбе даргузашт. Хосият Ёрова – духтари Равшани Ёрмуҳаммад, гуфт,ки падараш рӯзи 4-уми март дар хонаашон, аммо дур аз фарзандон, ҷон додааст.
«Одам ҳамин қадар фарзанд дорад, аммо дур аз онҳо, дар дасти ҳамсояҳо ҷон дод. Як рӯз қабл занг зада буд ва фақат оромии моро мехост. Чизеро пай бурда буд», — гуфт ӯ.Хосият Ёрова гуфт,ки ҷасади падарашро барои дафн аз Душанбе ба ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, ҷое, ки дар онҷо бузург шудааст, интиқол додаанд: «Дар Душанбе дигар кӣ дорем? Ҳамаи наздикон, хешу ақрабо дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳастанд. Барои ҳамин, бурданд, то дар онҷо дафн кунанд». Бузургмеҳр Ёров, писари бузурги хонаводаи Равшани Ёрмуҳаммад аз соли 2015 боз дар ҳабс аст. Ҷамшед Ёров ва хоҳараш Хосият Ёрова низ ду сол пеш кишварро тарк карда, дар хориҷа қарор доранд.Хосият Ёрова гуфт, ки падараш аз ҳеч беморӣ ранҷ намебурд, аммо солҳои охир қазияи Бузургмеҳр ва ба дунбол ҷудоӣ аз фарзандони дигар ӯро «аз пой афтонд».Худи Равшани Ёрмуҳаммад гуфта буд, ки аз замони боздошти писараш Бузургмеҳр Ёров дар хонае ба танҳоӣ зиндагӣ дорад ва саҳифаҳои охирини романи «Маҳмуди Ғазнавӣ»-ро менависад.
Охирин мусоҳибаи Равшани Ёрмуҳаммадро, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи «Тоҷикистон таймс» ба нашр расонидааст, дар зер мутолиа намоед.
Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2001), Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг (2003) ва матбуоти Тоҷикистон (2008) 75 — сола шуданд…
Дирӯз борони шадид борида буд. Ҳанӯз пайроҳаву гузаргоҳҳо лой. Ҳаво хунук бошад ҳам, софу тоза. Дар кӯчаи ба номи Мирсаид Миршакар, варақчае дар даст дораму аз рӯйи он хонаи нависанда Равшани Ёрмуҳаммадро мекобам, ки қариб (мутаассифона!) ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст…
РУҶӮЪ: Дирӯз дар ҳамон рӯзи боронии хунук субҳидам ӯ кӯча баромад. Чашмҳояш хира, базӯр то дӯкони рӯзномафурӯшӣ рафт ва шумораи тозаи нашрияҳоро боумед гирифта, чашм давонд. Аввал ҳарисона «Адабиёт ва санъат»-ро варақ зад, рӯзномае, ки ӯ муаллифи доимиаш буду солҳо ҳамсояҳуҷра буданд, ҳатто сатре дар мавриди мавлудаш нагуфта, ақаллан ҳикояе аз эҷодиёташ чоп накардааст. Маҷаллаи «Тоҷикистон»-ро, ки дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ сардабираш буд, кофт, аммо сатре наёфт… Чанд рӯзномаи дигарро ҳам диду навмед шуд… Хаставу парешон то хона омад, телевизорро равшан кард, ки «Тақвими рӯз» мерафт. Ҳар сол зодрӯзашро медоданд, аммо имсол худдорӣ кардаанд… Аммо аҷиб, ки зиқ нашуд, хастаҳол набуд, аллакай, ба бемеҳрии айём ва дӯстонаш, аниқтараш дӯстони собиқаш одат кардааст… Он рӯз набераҳояш ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро барояш оварданд, ки дар он ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар «Мавлудномаи Тоҷикистон» ӯро табрик кардаанд. Хурсанд шуд. Бобои машҳур ашки чашмашро аз набераҳо пинҳон кард…
…Ба рақами дарвоза ва суроғаи дар варақча навишта назар мекунам. Миёни дарвозаҳои нақшину зебо ва хонаҳои қашангу болобаланд дарвозаи ҳақирона ва куҳнае ҳаст, ки рақамаш ба суроғае, ки ман мекобам, мутобиқат мекунад. Боварам намеояд, пушти дарвоза ҳатто семент нашудааст. Пойҳои шимамро бар зада, оҳиста-оҳиста даруни лойқа қадам монда, вориди ҳавлӣ шудам. Ҳавлӣ ҳам валангор, маълум, ки солҳои зиёде таъмир нашуда ва дасти занонаеро надида. Чанд бор соҳибхонаро ҷеғ задам, аммо садое набуд. Таваккал, дарро кушода ворид гардидам. Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад рӯйи дивани яккаса мехобид. Дилам нашуд бедор кунам. Рӯйи курсие нишаста ба атроф назар кардам: як миз, чор курсӣ (аммо ба якдигараш монанд не), як ҷевони либос, як ҷевони китоб, дивани яккасае ки соҳибхона мехобад ва як гармидиҳандаи барқӣ ҷиҳози ин хона буданд. Соҳибхона ҳузури бегонаеро эҳсос карда бедор шуд ва аз ваҷоҳаташ дарк кардам, ки маро ҳам шинохт. Талвоса карда, аз ҷойгаҳ боло шуд ва расми меҳмондорӣ ба ҷой оварда, маро ба нишастан таклиф намуд. Баъди салому дуруд эшонро бо ҷашни мавлуд табрик кардаму ҳолу аҳвол пурсидам:
— Чунин аст, расми сарои дурушт,
Гаҳе рӯйи зину гаҳе зин ба пушт. –
гӯё ин мисраъҳои Ҳакими Тӯсро маҳз ба суоли ман омода карда буд. (Дарвоқеъ ин мисраъҳоро Фирдавсӣ ҳам дар ҷавонӣ, ҳини ашрофзодаву «рӯйи зин» буданаш гуфта, гумон надошт, ки Маҳмуди Ғазнавӣ меояду ӯ рӯзе «зин ба пушт» хоҳад шуд. Шояд ин фалсафаи зиндагӣ бошад?)
— Дар зиндагиатон рахнаҳои зиёде шуд, медонам. Аммо имрӯз дар остонаи мавлуди шумо, намехоҳам суҳбатамон аз хотираҳои нохуб бошад. Бинобар ин, биёед, дар мавриди эҷодиётатон суҳбат кунем.
— Инсон ва аз ҳама муҳим инсони нависанда ё умуман адиб бояд, душворписанд бошад. Зиндагӣ пур аз шебу фароз, пур аз шикасту рехт, афтодану хестанҳо аст. Ин набояд пеши роҳи нависандаи ҳақиқиро гирад. Ман медонам, шумо ба чӣ ишора доред. Рахнаҳои зиндагиам аслан ба кори эҷодии ман халал ворид накардааст. Ман ҳанӯз кӯшиш мекунам, ки кор кунам. Дар сарам чизҳои зиёде ҳаст, материали фаровоне ҳам ҷамъорварӣ кардаам, аммо тавоноии чашмам заиф шудааст. Кор бароям ба душворӣ даст медиҳад. Асарҳои зиёди чопнашуда дорам, бояд онҳоро таҳриру ба чоп диҳам. Қазияи писарам Бузургмеҳр, албатта, маро шикастарӯҳ кард, аммо шавқу завқи эҷодиамро накуштааст.
— Шунидам, ки дар болои романи наватон «Султон Маҳмуди Ғазнавӣ» кор мекунед. Муҳтавои роман чист ва дар асари шумо образи Маҳмуди Ғазнавӣ чӣ гуна буруз кардааст?
— Романи «Султон Маҳмуди Ғазнавӣ»-ро солҳо пеш шурӯъ карда будам. Ин роман аз се қисмат иборат аст. Ду қисмати аввали онро хеле пештар навиштааму болои қисмати сеюмаш кор мекунам. Асар дар жанри романи таърихӣ навишта шудаасту дар бораи шахсият ва давраи ҳукмронии яке аз амирони ғаддор – Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳикоят мекунад.
— Ибтидо шумо чун нависандаи кӯдакон (китобҳои «Шоҳбузи сафед» ва «Чашма») ба адабиёт ворид шуда, баъдтар асарҳои замонавӣ барои калонсолон навиштед, аммо баъди солҳои 2000-ум бештар ба мавзӯъҳои таърихӣ рӯ овардеду романи марғуби «Ишқи Рӯдакӣ» ва машҳури «Бармакиён»-ро эҷод кардед. Сабаб чист?
— Таърихи миллати мо мавзӯъҳои марғуб зиёд дорад ва барои нависанда материали фаровоне медиҳад. Ноинсофӣ мебуд, агар аз он истифода накард. Шумо дар ибтидо дар мавриди адабиёти кӯдакона гуфтед. Ман то ҳол ҳикояҳои зиёде дорам, ки барои кӯдакон иншо шуда, интизори чопанд.
— Дарвоқеъ, шумо нависандаи сермаҳсул ҳастед. Солҳои пеш қариб ҳар ҳафта ягон нашрияи кишвар асарҳои шуморо нашр мекард. Магар ҳоло узлат нишастаед, ки номатонро дар саҳифаи нашрияҳо намебинем?
— (Табассум мекунанд) Узлат нанишастаам, аммо рӯзномаҳо дигар асарҳоямро нашр намекунанд, метарсанд. Бубинед, ҳатто 75 — солагиамро дар тақвим надоданд. Баъд аз шурӯъ шудани қазияи писарам зиндагии ман, маҷрои дигаре пайдо кард. Ҳол он ки ман ба қазияи Бузургмеҳр умуман дахл надорам. Мақомот инро нағз медонанд ва муддати тафтишот ҳатто маро боре на даъат кардаанд, на бозпурсӣ, яъне, дар парвандаи ӯ ҳатто номи ман нест. Аммо инҳо… э хай, ба ман дигар тарғибу ташвиқ чӣ лозим? Гузашт даврони мо. Пир шудем.
— «Ашкҳои ночакида» ном маҷмӯи андешаву эссе ва хотираву ёддоштҳоятонро хондам. Бисёр аҷиб аст. Қасди идома додани ин силсила ва навиштани ёддоштро надоред?
— Ман солҳои дароз дар Афғонистон кор кардам. Борҳо дар хориҷи кишвар будаму ҳодисаву воқеаҳои зиёдеро аз сар гузаронидам. Бо инсонҳои бузург во хӯрдаву кор кардаам. Чандин нафарон пешниҳод карданд, ки ёддошт нависам, аммо лозим надонистам. Баъзе мушоҳидаҳо ва андешаву хотираҳоямро дар асарҳоям ҷо кардаам.
— Устод, сари мизи кориатон равем, як аксатонро гирам…
— Бошад…
РУҶӮЪ: Ва аз хонаи нишастаамон ба дари дохил медароем. Аввал китобхона, аммо он ҳам валангор. Дар ҳуҷраи дигаре назди тиреза мизи корӣ гузошта шудаву болояш китобу варақҳо титу парешон. Ҳуҷра бисёр хунук, гармидиҳанда надорад. Дар айвону хонаҳо гилем ҳам нест. Албатта барои марди солхӯрда бисёр сангин аст, дар чунин аҳвол зистан. Илова бар ин танҳо… Чанде аз варақҳоро гирифта, назар меандозам. Дар бастаҳо пйесаҳо, дар дигаре ҳикоя. Бастаҳоро ба ҷояш мемонам. Соҳибхона ба душворӣ болои онро мехонад: «Пйесаҳо»
— Ман қариб 40 асари хурду калони саҳнавӣ навиштаам. Бисёре дар театрҳо ба намоиш гузошта шуда, қариб ҳама дар озмунҳо ҷой гирифтааст. Рисолаи номзадӣ ҳам навишта будам, аммо ҳимоя накардам. Тарҷумаҳои зиёд дорам, – ба бастаҳои гуногун чашм дӯхта мегӯяд ҳамсуҳбатам — Асарҳои адиби рус В. Распутин, (повестҳои «Пул барои Мария» ва «Валентин ва Валентина»), адиби эстонӣ Маатс Траат (романи «Рақси гирди деги буғ») ва чанд рисолаи Дейл Корнегиро ба тоҷикӣ гардонидам…
— Бубахшед, чаро танҳо зиндагӣ мекунед? Кӣ шуморо нигоҳубин мекунад?
— Ману ҳамсарам ҷудо зиндагӣ мекунем. Худам худамро нигоҳубин мекунам. Набераҳову фарзандон гоҳ-гоҳ меоянд… Дар ин ҳавлӣ касе нест, ҷуз ман…
— Душвор нест, бароятон дар ин синну сол…
Ҳамсӯҳбатам табассуми малеҳе карда, ба фикр фурӯ меравад ва кӯтоҳ посух мегӯяд:
— Одат кардам…
Лаҳзае сукут ҳуҷраро пахш кард. «Одат кардам…»- чунин як ҷумлаи оддиро ду кас дурудароз ҳазм мекардем…
РУҶӮЪ: Гапзанон боз ба ҳуҷраи аввала баргаштем. Рӯйи миз як коса шӯрбои гарм ва нон пайдо шудааст. Маълум, ки ҳамсояҳо ҳанӯз «расми хуби тоҷиконро гум» накардаанд… Равшани Ёрмуҳаммадро танҳо гузоштам, зеро бояд ба эшон имкони хӯрокхӯрӣ медодам. Берун баромада дар ҳавлӣ поям лағжид, қариб афтида будам, аммо зуд мувозинатамро баробар карда, худамро рост кардам ва аз дарвоза берун шудам. Мӯйсафеди 75 — сола чӣ гуна рӯйи ин ҳавлӣ мегашта бошад?!
Ҳавои баъди борон, шамоли хунуке мевазад. Кӯчаи ба номи устод Миршакар сокит. Дарвозаҳои дакадангро гузашта, боз як бор ба қафо, ба куҳнатарин дарвоза ва пасттарин хона назар медӯзам. Мӯйсафед, ки шамол мӯйҳои дарозашро алвонҷ медод, бо ҷома худашро печонида, аз дарвоза ба ман менигарад. Ба гусели ман баромадааст. Дасташро бардошта, алвидоъ мегӯяд…
Ман ҳам дастамро бардоштаву худоҳофизӣ мекунам ва ба роҳам идома медиҳам. Кӯчаи Миршакар ҳамоно сокит асту хонаҳои нав ба нав қомат меафрозанд, аммо фарқ кардани хонаи нависанда миёни анбӯҳи маҷмааҳои русиву финиву авропоӣ душвор нест…
Чунин пешвоз мегирад, нависандаи тоҷик, муаллифи қариб 40 китоб, собиқ сардабири маҷаллаи Вазорати фарҳанг – «Тоҷикистон» ва собиқ ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳо тарҷумон ва мушовири СССР дар Афғонистон, Равшани Ёрмуҳаммад 75 — солагии мавлудашро…
Одили НОЗИР,
«Тоҷикистон» №5, 2017
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ