Нависанда ва ходими давлатӣ Нур Табар даргузашт
Нависанда, драматурги шинохта ва собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Нур Табар аз олам даргузашт.
Маросими видоъ бо рӯзноманигор ва драматурги маъруфи тоҷик Нур Табар имрӯз, 15-уми август дар манзилаш, паси чойхонаи «Роҳат» доир мешавад. Мавсуф шаби 14-уми августи соли 2022 дар синни 81 дунёро тарк кард.
Дар бораи даргузашти адиб духтари ӯ Дилбар Табарова дар расонаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
“Эй дӯстон, падарамро аз даст додам”,- навишт Дилбар Табарова.
Ҳамзамон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз даргузашти адиб хабар дода, ба хонаводааш изҳори тасаллият кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ