Нависанда ва рӯзноманигори машҳур Владимир Губарёв даргузашт
Нависанда ва рӯзноманигори шӯравӣ Владимир Губарёв дар синни 83-солагӣ даргузашт. Дар ин бора дар саҳифаи Telegram-и Иттифоқи журналистони Русия хабар дода шудааст.
— Ҳамкасби мо, рӯзноманигори машҳур, нависанда ва драматург Владимир Степанович Губарёв аз дунё гузашт,- омадааст дар иттилоияи ИЖР.
Владимир Губарёв 26-уми августи соли 1938 дар шаҳри Могилёви Белорусия таваллуд шудааст. Ӯ дар нашрияҳои «Комсомолская правда» ва «Правда» фаъолият бурда, масъалаҳои актуалии илм ва таҳқиқи кайҳонро инъикос мекард. Номбурда аз аввалин рӯзноманигороне буд, ки 26-уми апрели соли 1986 аз маҳали садамаи Чернобил дидан кард ва мутаассир шуда, пйесаи «Саркофаг»-ро навишт.
Мавсуф муаллифи чор пйеса ва 14 китоб аст, ки ба кайҳон ва илм бахшида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ