Нависандаи КОНИБОДОМ 5 сол зиндонӣ шуд

Суди ҳарбии шаҳри Хуҷанд сержанти хурд Муҳриддин Исмоиловро бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ 5 сол равонаи зиндон кард.

Дар ҳукми суд зикр мегардад, ки Исмоилов бо мақсади нишон додани бартарию тавонмандии худ шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.

“Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои  КОНИБОДОМ тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”,- гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *