«Навомӯз»-и «Тоҷикфилм» ба номи Муҳаббат Сатторӣ гузошта шуд

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва пос доштани хотираи коргардон, корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии кинематография, фарҳанг ва телевизиони тоҷик Муҳаббат Сатторӣ мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз»-ро ба номи Муҳаббат Сатторӣ номгузорӣ кард.

Бино ба зикри Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Муҳаббат Сатторӣ (Сатторова Муҳаббат Манноновна) дар замони соҳибистиқлдолӣ яке аз бонувони серғайрат ва пуртаҷрибаи соҳаи кинои тоҷик махсуб меёфт. Солиёни зиёде дар соҳаҳои театр, телевизион ва кинои тоҷик фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзандае гузоштааст. Пас аз хатми донишкада дар саҳнаҳои театр ҳунарнамоӣ карда, дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, театр-студияи «Нимҷазира» ва театри драмавӣ ва академии ба номи А. Лоҳутӣ ифои вазифа намудааст. Дар соҳаи телевизион бо таҳияи барномаҳои «Театр ва тамошобин», «Нозукиҳои ҳунар» ва филмхои телевизионии «Фарёди дил», «Гулпараки зарринбол», киноконсертҳои «Савти фалак», «Хислати фалак» ва «Орзуҳои нилобӣ» мақоми хосае дошт.

То вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар соҳаи кинои тоҷик фаъолият карда, филмҳои ҳунарии «Пайванди шикаста», «Падруду пайғом», «Афсонаи хоб», «Зарандуд», «Як ҷаҳон аз ману ту», «Маро бубахш», «Рақси зиндагӣ» ва бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик филми мустанади «90-соли кинои тоҷик»-ро пешкаши тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ намудааст.

Хизматҳои ин бонуи ҳунар бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии кинематографияи тоҷик», «Аълочии фарҳанг» ва «Аълочии телевизион ва радио» ва мукофотҳои давлатии «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *