Навор таҳқиқ, ронандаи хатсайри №2 ҷаримабандӣ шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз анҷоми таҳқиқи навори қонунвайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, як нафар шаҳрванд, истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи мусофиркашони хатсайри №2 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шаванд.
— Ба иттилои номбурда ронандаи автомашинаи мазкур ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ аз маҳаллаи Гипрозем то кӯчаи Чанори Куҳан (Профсоюз), ки дар дохили автомашина тақрибан 15-20 нафар мусофирон буданд, ба қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ, аз қабили суръати баланд, муқобили самт ва итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо даст задааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 2018ТТ05, шаҳрванд Алиев Диловар Неъматович мебошад, ки ба қоидавайронкунии содирнамудаи худ иқрор намуд,- меафзояд манбаъ.
Вобаста ба ин нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии босифати мусофиркашонӣ ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ