Наврўзи Яғноб
аз фоли чумча то асрори оҷуза — Холҷун
Наврӯз ва оину маросимҳои марбут ба Соли нав, ки яғнобиён онро (soli — sar) “сари сол” меноманд, дар асоси сарчашмаҳои нодири хаттӣ ва фолклорӣ тадқиқ гардида, ба омӯзиши шуғли деҳқонӣ, ҳунармандӣ ва афкори бостонӣ-фалсафии яғнобиён ба анҷом расидааст.
Чумчапартоӣ
Ҷашни Наврӯз, қабл аз ҳама, рамзи эҳё ва бедории табиат, ҷавонии оламу одам мебошад. Мардуми бостонии Яғноб, ки дар кӯҳистони дурдасти сахту сангин умр ба сар мебаранд, ин ҷашнро, ки марбут ба кишоварзию деҳқонӣ ва шуғли инсон бо замин аст, аз даврони (иски- iski) қадим бо як силсила расму оинҳои дилангез таҷлил менамоянд.
Масалан, Яғнобиёни Варзоб чашни наврӯзро аз даҳаи аввали моҳи март ва бо маъракаи “чумчапартоӣ” (қошуқ) оғоз мекунанд. Ба ақидаи яғнобиён «чумчапартоӣ» мисли фолгирӣ аст. «Агар чумча рӯ ба боло афтад, соли арзонӣ мешавад, вагарна соли бад». Инчунин яғнобиҳо ба фарқ аз дигарон дар Наврӯз «чанголӣ» (фатирмаска), ки хӯроки милли яғнобиҳост, омода мекунанд. Ҳар кас аз хонаи худ нону шир ва равған оварда, ба омода намудани ин хӯрок мепардозанд. Солмандон дар гирди суфра ё дастархон нишаста, нон дар табақҳо реза ва бо ширу равған омехта мекунанд.
Ҳикмати ин хӯрокро солмандон дар он медонанд, ки нону намаки ҳамдеҳагон якҷо карда мешавад ва бовар доранд, ин амал мардумро ба ҳам наздик месозад.
Сафедон ва сабзпӯшон
Гуфтан бамаврид аст, ки дар Яғноб пас аз истилои арабҳо, “ҳафтшин” (haft sin) ва “ҳафтсин” (haft sin) расм нашудааст, шояд аз нарасидани ғизоҳои рӯи дастархон истилоҳи “ҳафтшин” (haft sin) ба “сафедӣ” (safidi) тағйир ёфта бошад, зеро сафедӣ рамзи рӯшноӣ, покӣ, неруи поки деҳқонӣ бо дили пок, фазилатҳои хуби инсонӣ, барфи сафед, рамзи деви сафед бошад, ки ба одамон хушбахтӣ меорад. Баҳор бо гулу гулдастаҳо зимистонро гусел мекунад. Бар асоси бовару эътиқод мардум чунин ақида доранд, ки агар барф чӣ қадар об шуда, ба боло равад, рӯи заминро сабзаи нарм фаро мегирад ва ҷонварони “сиёҳ” – dev-дев, jin-ҷин, numnosak-номгирак ol-ол бо хурсандӣ дар ҳар як хами талу теппаҳо, рустоҳо омада, ҷой мешаванд.
Аз ин хотир, мардуми Яғнобро агар дар як русто чаҳор гузар бошад, дар ҳар як гузар гулхан дармегиронанд, то ин ки деву ҷин ва ол ба деҳа наздик нашаванд ва зарар нарасонанд. Як анъанаи хуби дигари мардуми Яғноб ин аст, ки бачаҳо ва духтарон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке “сафедон” бо либоси сафед, дигарон бо либоси сабз “сабзпӯшон”-сафедпӯшонро бо эҳтиром бо гулу гулдастаҳо ва пиразани сафедро, ки яғнобиён ӯро “Холҷун” мегӯянд, ба самте, ки он ҷо барф бошад, хайрбод мегӯянд.
Этнографи варзида М.С.Андреев аз рӯи нақлу ривоятҳои мардумӣ, дар бораи деви сафед чунин изҳори назар мекунад, ки ҷолиби диққат аст: “Деви сафед дар тасаввури яғнобиён ба сурати зани зебои қоматбаланд ва дар танаш либоси сафед намудор мешудааст. Деви сафед ба гурӯҳи махлуқони хуб дохил буда, дар ҳар хона, ки пайдо шавад, гӯё дар он хона файзу баракат зиёд мешудааст”. Ин дев баъзе вақтҳо дар шакли ҷавон ва гоҳе ба сурати зани пир намудор мегардидааст. Баъзеҳо онро дар шакли пӯкчаи чароғ тасаввур мекарданд ва ҳамин ки даст дароз кунанд, нопадид мешудааст. Деви сафед ҳомии занҳо буда, ба мушкилоти онҳо осонӣ ва дар корҳои занона, аз қабили равғанкашӣ, ширдӯшию чорводорӣ файзу баракат меовардааст. Аз ин рӯ, занҳо дар вақти говдӯшӣ ба ӯ муроҷиат карда мегуфтаанд: “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, аз пайи деви сафед, ту ҳурр кун, ман пур кунам”.
Оҷуза ё Холҷун
Дар манотиқи кӯҳсори Тоҷикистон кампири оҷуза ё аҷузакампир ҳамчун образи сармо ва зимистони қаҳратун маҳсуб мешавад. Дар Язғулом дар аввали қарни гузашта тибқи маълумоти М.С.Андреев, рӯзҳои сарди зимистонро “кампир дар ғор”мегузаронад ва дар фасли баҳор вай ба маконаш меояд ё ин ки ба мулҷари худ меояд”.
Дар Яғноб образи сарморо ба ҷои оҷуз ё аҷузакампир-Холҷун меномиданд, ки ба андешаи М.С.Андреев, оҷуз калимаи арабии “оҷиз” буда, истилои “кампири Холҷун” вожаи нисбатан қадимитари он мебошад.
Дар Яғноб сабаби хунукиҳоро дар он медиданд, ки ҷисми кампири Холҷун фавтида ва гӯрнокарда мемонад. Ҳамон вақте ки ӯро гӯр карданд, гармӣ оғоз мешавад. Аз ин рӯ, байни мардум дар бораи деви сафеди Холҷун ду ақида мавҷуд аст: нафаре мегӯяд: “онро мегӯронанд” ва дигаре мегӯяд: “Холҷун намирандааст” ва дилаш барои одамизод месӯзад. Байте аз тарафи Холҷун гуфта шудааст, ки ин аст:
Маним ноаюн,
маним Холҷуни сафед,
Начукерт, ҳур кунум,
рисқт пур кунум.
Аз ин байт чунин бармеояд, ки вақте ки Холҷун пайдо мешудааст, одамро огоҳ мекардааст, ки “ман Холҷуни сафедам, натарсед”.
Ин ҷашн барои мардум пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, маърифат бар ҷаҳолат, хубӣ бар бадӣ, ишқу муҳаббат, хайру саховат ва назофат бар касофат маънидод мешавад. Наврӯз ҷашни омад — омади баҳори нозанин, иди такопӯи замин, эҷоди зебоиҳои табиат ва зиндагӣ ва дубора зинда шудани табиат аст.
Бояд гуфт, ки Яғноб водиест дар баландиҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон. Дар 32 деҳа чаҳор ҳазор нафар мезистанд ва аксари онҳоро асри гузашта иҷборӣ ба ноҳияҳои Зафаробод ва Варзоб кӯчонданд. Забони яғнобӣ ягона ёдгорӣ аз Суғди бостон аст. Ин кӯчондани иҷборӣ забон ва фарҳанги онҳоро ба хатари маҳвшавӣ дучор кардааст.
Яҳё Маҳмаднабиев
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ