Наврӯз — ҷашни офариниш. Он дар шаҳри Ваҳдат шаҳомати хоса дошт

Наврӯз ҷашни омад-омади баҳор, такопӯи ҳаёт, эҳёю сабзиданҳо ва ҷашни офариниши оламу одам мебошад. Бо чунин фазилатҳояш ин ҷашни фархунда нисбат ба дигар анъана ва суннатҳои гузашта барои мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, азизу мукаррам маҳсуб мешавад.

Оре, шуълапошии офтоби оламафрӯз, дамидани сабза, ҷӯшу хурӯши чашмасорон, чаҳ-чаҳи булбулон, чеҳраҳои зебои гулдухтарон олами ҳастиро рангоранг намуда, мурғи дили ҳар як фардро ба парвоз меорад.

Ривоят мекунанд, ки таҷлили Наврӯз дар айёми эҳёи олами ҳастӣ ва пирӯзии қувваҳои аҳурамаздоӣ бар аҳриманӣ, хубӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар зулмот дар нахустрӯзи Фарвардинмоҳ сурат мегирад. Тибқи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ, Наврӯз — зодаи сарзамини Ориёӣ дар оғози сол таҷлил мешавад. Ин ҷашни таърихии зиёда аз ҳафтҳазорсолаи мардуми тоҷик дар ҳаёти маънавию маърифатии мардум нақши бузург бозидааст ва барои худшиносиву худогоҳӣ ва зебоипарастии ин миллати куҳанбунёд муҳим арзёбӣ мешавад.

Роҷеъ ба тарзи ҷашнгирии Наврӯз дар аҳди бостон, махсусан дар даврони шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ маълумоти зиёде мавҷуд аст. Дар Персополис навиштаҳое маҳфузанд, ки ақвоми гуногун ба сӯи шоҳ Дориюши Кабир равонанд, то аз Наврӯз ҷашн бигиранд. Сангнавиштаҳое вомехӯранд, ки дар яки онҳо императори бузурги Эрон — шоҳ бар тахт нишаста, дар толори Садсутун меҳмононро қабул кардааст, то Наврӯзро бо тулӯи хуршед чун нахустрӯзи Фарвардин таҷлил намоянд. Ё худ дар сангнигораи дигар тасвире ба мушоҳида мерасад, ки дар он намояндагони ақвоми мухталиф бо чорпоён ва табақҳои хӯрока барои табрики Наврӯз назди шоҳ равонанд.

Ҷашни Наврӯз дар аҳди Сосониён ҳам дар дарбор ва ҳам мисли имрӯза дар байни табақаҳои мухталифи мардум бо як силсила маросимҳои аҷоибу дилангез ҷашн гирифта мешуд. Шоҳ либосҳои идонаро субҳи Наврӯз ба бар мекард, ки он аз матоъҳои яманӣ ва абрешимӣ омода мешуд. Сипас ба танҳоӣ дар қабулгоҳаш менишаст. Шахсе, ки қадами нахустинро ба назди ӯ мегузошту ба хизматаш мерасид, Муъбади муъбадон буд. Сармуъбад бо ҷоми заррини пури май, ангуштариву дираму динори (сиккаҳои тиллоӣ) хисравонӣ, дастаи сабза, шамшер, тиру камон, давоту қалам, аспбоз ва кӯдаки некрӯй пеши шоҳ меомад ва ӯро бо суханҳои зайл табрик мегуфт:

— Сарат сабз бодо ва теғат равшану корӣ бар душман! Ва бозат гиро ва хуҷаста ба шикор! Ба тахт бо дираму динор! Пешат ҳунареву доноӣ гиромӣ ва дирам хор! Ва сароят ободу зиндагониат бисёр!

Муъбади муъбадон сипас ҷоми шаробро ба шоҳ медод ва дастаи ҳавидро дар дасти дигари ӯ мегузошт ва динору дирам дар пеши тахти ӯ мениҳод. Мақсади эшон аз овардани чизҳои мазкур он буд, ки шоҳ тамоми сол ҳамасон шоду масрур бошад ва Соли Нав барояш муборак ва хуҷаста гардад ва раиятро гиромӣ дорад, додраси мардум бошад. Сипас, бузургони давлат ба табрики шоҳ меомаданд ва ҳадяҳои аз вилояту кишварҳои дигар омадаро шоҳ мепазируфт ва онҳоро қисман ба хазина ворид месохт ва бахшеро барои меҳмонҳои олиқадр ҳадя менамуд.

Одати дигари айёми Наврӯзи Сосониён боз аз он иборат буд, ки ҳар сол дар Наврӯз шоҳон бози сафедро ба ҳаво раҳо мекарданд ва аз таомҳои идона истеъмол менамуданд. Таомҳои наврӯзӣ асосан аз ширу биринҷ ва гӯшти парандаву моҳӣ таҳия мешуданд ва асосан номи хӯрокҳо бо ҳарфҳои сину шин оғоз меёфт. Барои мисол шаҳд, асал, шароб шакар, шамъ, шамшод, шоя (ҳафт мева), ки ҳар яке рамзеро ифода менамуданд. Масалан, шаҳд ширинии зиндагӣ, шир покиву назофат, шароб кайфияти латифу руҳияи хуб, шакари ноб, ки аз найшакар гирифта мешуд, сарбаландӣ, шамъ гармии рӯзгор, шамшод абадияту бақои зиндагӣ ва сабзу хуррамии одаму олам ва шоя фаровонии рӯзиро ифода менамуд.

Аслан, ниёгони мо дастурхони 7 шин доштанд ва баъди дини Исломро пазируфтан бо тақозои сиёсат он ба 7 син табдил ёфт ва рӯйи дастурхон синҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко ба вуҷуд омад, ки низ рамзу рози худро дорад.

Ниёгони мо бо таҷлили Наврӯз барои аҳли байташон фаровонӣ, баракат, рӯзгори осуда, сиҳатмандӣ ва барои кишвар сулҳу амонӣ таманно мекарданд.

Дар мавриди пайдоиши ҷашни Наврӯз ривоятҳои гуногун мавҷуд аст.

Нахустин касе, ки Наврӯзро асос гузошт, Ҷамшеди каёнӣ буд. Гӯё Ҷамшед сайри ҷаҳон мекардааст. Чун ба Озарбойҷон ворид мешавад (ин кишвар тобеи Эронзамин буд), фармон медиҳад, ки тахте ороста дар баландтарин мавзеъ гузоранд, ки баробари нури хуршед бошад. Шоҳ бо тоҷи пур аз ҷавоҳирот бар он тахт менишинад. Тобиши офтоб бар ҷавоҳироти шоҳ равшании хуршедро дучандон мекунад. Мардум шод мешаванд ва онро рӯзи нав мехонанд. Ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз дар байни халқҳои тоҷику форс ба расмият даромад.

Пеш аз фарорасии Наврӯз ҳафтаи охирини соли сипаришаванда дар бисёр ҷойҳои Осиёи Марказӣ, ки тоҷикон сукунат доранд, маросиме баргузор мегардад, ки онро дар куҳистони тоҷикнишин «Чаҳоршанбеи охирон» мегуфтанд. Пеш аз ғуруби офтоб оташ афрӯхта, хурду бузург аз болои он себорӣ парида, «оташ, оташ, зардиву ранҷурии маро гиру сурхиву хуррамии худро ба ман деҳ» мегуфтанд ва дар охир кӯзаи сафолинро ба оташ партофта, ба ақиби худ нигоҳ накарда, ба хонаҳои худ мерафтанд. Дар иҷрои ин маросим мардум мехостанд, ки соли нав — Наврӯзро сиҳату саломат истиқбол намоянд.

Тибқи боварҳои мардум, оташ кулли балоҳоро сӯзонда нобуд мекардааст. Мардум дар арафаи соли нав тамоми кӯчаю паскӯча ва ҳавлию хонаҳои худро тозаву поккорӣ мекарданд. Дар соли нав маросиме бо номи «Хонабаророн» мегузарониданд. Тамоми курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода, метакониданд. Хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месохтанд. Дар зарфҳо гандум сабзонида, суманак мепухтанд. Маросими суманакпазӣ бисёр бошукуҳ, аз бегоҳ то субҳ баргузор мегардид. Ҳоло ҳам дар замони мо занҳои маҳалла ва деҳкадаҳо маросими суманакпазиро баргузор менамоянд. Дар табақҳои хурду бузург барои сурфаи ҳафтсин сабзаи гандумро нигоҳ медоранд. Сабзаи наврустаи гандум рамзи бақои зиндагӣ ва абадияти одаму олам маҳсуб мешавад.

Дар ин ҷашни бузург бонувон низ, ки аз қадимулайём чун посдори оташи хонадон ва оини ниёгон мебошанд, мавқеи махсус доранд. Яке аз расмҳои маъмули Наврӯзӣ барои бонувони ҷавон — ин бахткушоӣ мебошад. Яъне духтарони ҷавон барои кушодани бахти худ дар соли нав талош мекунанд. Онҳо аз паси дар ба гапи калонсолон гӯш мекунанд ва аз суханони онҳо фоли нек меҷӯянд. Аз ин лиҳоз, ҳама кӯшиш мекунанд, ки фақат суханони нек гӯянд.

Бонувон бошанд, дар арафа ва рӯзи ҷашни Наврӯз вазифаву масъулият ва орзуву омоли хосаи худро доранд, ки онҳо шукуҳу шаҳомоти ин ҷашни фархундаро боз ҳам афзунтар гардонида, сабабгори хушу ҷозибадор истиқбол намудани он мебошанд. Ва шояд ин заҳмати онҳост, ки ин ҷашни ҳафтҳазорсола то ҳанӯз накӯву барҷост.

Ҳамин тавр, дар тӯли ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик, новобаста ба сарнавишти талху ширин ва инкишофу инқирози хеш, ин ҷашни бобогиро чун муқаддасоти аҷдодӣ, чун рӯзи хушбахтию осудагӣ ҳифз намуд ва ба мардумони дигар низ мунтақил намуд.

Боиси ифтихор аст, ки бо азму талош ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин ҷашни ниёгони мо дар аксари мамолики олам бо тантана таҷлил мешавад.

Ҷавҳари аслии ҷашни Наврӯзро, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд, дуои хайр ба ёди рафтагон, ғамхорӣ ба калонсолон, накӯкорӣ ба ҳамдигар, аз худованд хоҳиши тансиҳатию хонаободӣ ва осудагӣ барои наздикон ташкил медиҳад.

Воқеан, саҳми Пешвои миллатро дар эҳёи ҷашни Наврӯз наметавон нодида гирифт. Пӯшида нест, ки аввали солҳои навади садаи бист кишварро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд. Бо вуҷуди он, мардуми баъзе минтақаҳо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, баъзе шахсони мазҳабӣ бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Ин гуфтаи онҳоро баъзеҳо пазируфта, ба ҷашн гирифтани Наврӯз мамоният нишон диҳанд ҳам, зиёиёни кишвар тавассути воситаҳои ахбор сухани муҳаббатомези хешро дар бораи Наврӯз мегуфтанд.

Солҳои 1992 ва 1993 вазъият дар кишвар бад буд. Пас аз иҷлосияи шонздаҳумини Шӯрои олӣ умед ба ояндаи орому сулҳовар ва пешрафти тоҷикон ва Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин умед буд, ки соли 1993 зиндагӣ ранги дигар гирифт. Худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳр мардуми ҷабрдидаро аз тариқи воситаҳои ахбор бо Наврӯз табрик намуда, гуфтанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисози баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад».

Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат, ки соли 1993 садо дод, маълум буд, ки Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб намудааст. Умед ба ояндаи дурахшон ва эҳёи бештари Наврӯз зиёд шуд. Ҳамин тавр сол ба сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи Наврӯзро, ки ҷашни беназире барои пайванди табиат ва инсон, иртиботи мардумони гуногуни олам, инсондӯстию башардӯстӣ аст, дар кишвари Тоҷикистон ба сатҳи баланд гузоштанд.

Ҳамин тавр ҳар сол пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон Наврӯз марҳала ба марҳала азамату шаъну шукуҳи худро нишон медод ва Пешвои миллат дар арафаи Наврӯз ба мардуми кишвар паёми шодбошӣ ироа карда, дар тантанаҳои ҷашнӣ ширкат мекунанд. Пешвои миллат борҳову борҳо таъкид карданд, ки Наврӯз ба ҳеҷ як дину мазҳаб тааллуқ надорад ва ҷашни эҳёи табиат асту, ифтихори миллии мо.

Маҳз талошҳои Пешвои миллати мо буд, ки дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ворид гардид. Сокинони шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ҳар сол ин санаи фархундаро бо ба ҷо овардани ҳамаи суннатҳояш бошукуҳ таҷлил менамоянд. Мо хуб медонем, ки дар ду соли гузашта бо хурӯҷи оламгири СOVID-19 тантанаҳои Наврӯзӣ коҳиш ёфтанд. Яъне то андозае маҳдудият пеш омад. Вале аз рӯи имконият Наврӯз дар ҳамаи шаҳру деҳот таҷлил карда мешуд.

Хушбахтона, имсол ин беморӣ ба таҷлили иди Наврӯз монеъ шуда натавонист. Бо азму талоши Пешвои муаззами миллат ва табибони тавонои мо мардуми кишвар ба ин беморӣ ғалаба карданд.

Субҳи 22-юми март Наврӯзгоҳи марказии шаҳр, ки дорои бисту панҷ ҳазор ҷои нишаст аст, қабои идона ба бар карда буд. Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим, роҳбари гуруҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Ваҳдат, раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” Асозода Маҳмадумар Шамсулло, Муртазозода Ҷамшед, вакили Маҷлиси намояндагон аз шаҳри Ваҳдат тантанаи бошукуҳу хотирмоне доир гардид. Ба ин чорабинӣ махсусан кормандони раёсати “Тоҷикматлубот”, раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр, раёсати маориф, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, КВД “Ниҳолпарвар”-и шаҳр, Нозироти андоз, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омор, раёсати молия, раёсати тандурустӣ, раёсати кишоварзӣ, бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ дар шаҳри Ваҳдат ва ҷамоатҳои деҳот омодагии хуб дида буданд.

Барномаи фарҳангии имсола бо суруду таронаҳои дилнишин, оҳангҳои марғуб, рақсҳои зебо писанди ҳамагон гардид. Дар таҳияи барномаи театрикунонидашуда ҳунармандони қасри фарҳанг, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, коллеҷҳои тиббӣ ва омор саҳми арзанда гузоштанд. Иштироки гулдухтарону бонувони беморхонаи марказӣ ва кумаки аввалияи тиббӣ ба ҷашнвора ҳусну тароват бахшид. Инчунин, баъди анҷоми барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардидани чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаи гӯштингирӣ ба ҳаводорони варзиш нишоту хушнудӣ ато намуд.

Ҳамчунин, дар арафаи рӯзҳои Наврӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба зиёда аз 100 оилаи камбизоат кумакҳои хайриявӣ, аз қабили равған, орд, шакар, макарон, биринҷ расонида шуда, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷашни Наврӯз дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои шаҳр қайд карда шуд. Махсусан тантанаи Наврӯз дар ҷамоати деҳоти Ромит дар сатҳи баланд баргузор гардида, тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд. Ин тантана дар ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев, Бозорбой Бурунов, Симиганҷ, Баҳор, Чӯянгарон ва коллеҷи тиббӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Кормандони муассисаҳои таълимии шаҳр иди Наврӯзро дар осоишгоҳи “Ҳамсафар” хушу хотирмон таҷлил карданд.

Фарзонаи ҲАМДАМ, муовини раиси шаҳри Ваҳдат,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *