Наврӯз – аз қаъри таърих
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳоест, ки ба оғози офариниш нисбат медиҳанд. Он ба асрҳои 6-и пеш аз милод тааллуқ дошта, ба баробаршавии шабу рӯз алоқаманд аст.
Аслан, Наврӯз ҷашни мардуми шаҳру деҳнишин, яъне муқимӣ буда, бо гардиши ситораҳо, обу ҳаво ва замину киштукор алоқамандии зич дорад. Ҷашни Наврӯз таҷрибаи илмӣ – ақидавӣ маҳсуб мешавад, ки ба шоҳони аҳди қадим, ва аз ақидаҳои онҳо нисбат ба пайдоиши инсоният ва алоқамандии инсон ба замин сарчашма мегирад.
Гарчанде бисёриҳо пайдоиши Наврӯзро ба “Авасто” ва пайдоиши оини Зардуштӣ нисбат диҳанд ҳам, аммо манбаъҳои таърихӣ, ва ақидаи наврӯзшиносон дар бораи Наврӯз ва оинҳои Наврӯзӣ дар «Авесто» бевосита ишорае нашудааст. Маликушшуаро Баҳор дар ин бора ақида дорад, ки Наврӯз ҷашни зардуштӣ набуда, аз ин хотир дар «Авесто» дарҷ нагашта, баръакс дар маъхазҳои паҳлавӣ ва монавӣ аз Наврӯз — Ҷашни аввали соли нав, зикрҳои зиёд рафтааст.
Ризо Шаъбонӣ, иттилоъ додааст, ки Дорюш – шоҳи Ҳахоманишӣ ҳар сол дар Наврӯз ба маъбади Баъалмардукраббуннавъи бузурги Бобул мерафт, ва дасти онро мегирифт. Доро ва дигар шоҳони Ҳахоманишӣ барои таҳкими қудрати худ ва наздик гирифтан ба ҳар як миллати тасарруфкардаашон аз дини ин миллатҳо пайравӣ, ва одоби мазҳаби онҳоро риоя мекарданд. Дар ин аҳд подшоҳон дар Наврӯз ба «бори ом», яъне иморати махсус нишаста, Наврӯзро бо мардум ҷашн мегирифтанд, ки Наврӯзи омма ном дошт, ва онро хеле пуршукӯҳ таҷлил мекарданд. Дар ин ҷашн аз ҳар гӯшаи сарзамини Ҳахоманишиён ба шоҳ ҳадяҳо пешкаш мекарданд.
Наврӯзро олимону таърихнигорони зиёд таҳқиқ карда бошанд ҳам, байни онҳо бузургтарин муттафакир ва олимони форсу тоҷик – Абулқосим Фирдавсӣ дар Шоҳнома, Абурайҳони Берунӣ дар Осор-ул-боқия ва Умари Хайём дар Наврӯзномааш маълумоти пурра додаанд. Наврӯз дар оғози Фарвардин баргузор мегардад, ва поягузори онро Фирдавсии Тӯсӣ ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода, дар “Шоҳнома”-и худ овардааст. Ӯ ривоят мекунад, ки Ҷамшед ҳангоме аз кӯҳи Албурз мегузашт, фармуд, ки барояш тахте гузоранд, ва ӯ бар тахт нишаста, тоҷи заррин ба сар ниҳод. Ҳангоме, ки нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ дурахшид, аз он ҷилое ба атроф афканда шуд, ба гирду атроф аз дурахши он равшан гашт, ва мардум шодӣ карда, он рӯзро Рӯзи нав ном карданд. Табиқи маълумоти Фирдавсӣ, Ҷамшед дар Наврӯз динро иваз кард, ва мардумро фармуд, то ӯро парастиш кунанд. Дар ин хусус дар “Шоҳнома” Фирдасӣ менависад:
…Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор…
Умари Хайём дар “Наврӯзнома” сабаби Наврӯз ном ниҳодани ин ҷашнро аз ду давр доштани офтоб медонад, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз, ба аввали моҳи Ҳамал баробар меояд. Умари Хайём дар Наврӯзнома овардааст, ки кадом рӯз омадани Наврӯз ба соли оянда чӣ гуна таъсир мерасонад, ва сол чӣ гуна меояд, ва он тибқи илми нуҷум ва ҳисоб тахмин карда шудааст.
Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осорулбоқия” чунин овардааст: “Нахустин, чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад, ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд”. Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд, ва ин рӯзро ид гирифтанд”.
Ғайр аз ин, Абурайҳони Берунӣ дар “Осорулбоқия” пайдоиши Наврӯзро ба ҳазрати Сулаймон нисбат дода, мегӯяд: “Чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз аз нав ангуштарии худро бозёфт, ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт… Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!
Аммо Наврӯз танҳо дар аҳди Ҳахоманишиҳо ҷашни миллӣ эълон гардид, ки онро Куруши Кабир пешниҳод карда буд.
Дар замони Сосониён Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мекарданд, ва он давра ба Наврӯзи бузург ва Наврӯзи хурд тақсим шуда буд. Наврӯз чанд рӯз давом мекард, ки панҷ рӯзи аввал Наврӯзи оммавӣ буда, мардум онро ҷашн мегирифт, ва рӯзи шашумро Наврӯзи махсус меномиданд, ва он барои шоҳу аҳли дарбор буд.
Дар аҳди қадим бошад, Наврӯзро 13 рӯз ҷашн гирифта, дар маркази шаҳр 12 гумбаз мегузоштанд, ва дар ҳар яки он аз донагиҳо ба мисли гандуму ҷаву нахӯду лубиву арзану мошу бириҷ ва амсоли инҳо иборад буд. Аз майсаи рустаи ин донагиҳо маълум мегашт, ки соли нав кадом ғалладона серҳосил мебиёяд. Инчунин, дар ин давра дар субҳи Наврӯз мардум ба якдигар об мепошиданд, ки нишонаи рӯшноиро дошт. Дар рӯзи аввали Ҳурмуз, дар шаби Наврӯз мардум оташ меафрӯхтанд, ки ин ба ҳукми анъана даромада, оташафрӯзи аз он давр боқӣ монд. Дар Таърихи Табарӣ доир ба ҷашн гирифтани Наврӯз дар замони Аббосиён маълумот дода мешавад. Дар замони Салҷуқиён ва Сомониён низ, Наврӯз аз нав эҳё гардида, бо иловагиҳо ва дигаргуниҳои андаку беш ҷашн гирифта мешуд. Маҳз Умари Хайём дар Тақвими Ҷалолиаш доир ба ҷашн гирифтани Наврӯз дар оғози фасли баҳор маълумот додааст.
Наврӯз дар замони мо низ, ҳамчун оғози соли навин, эҳёшавии табиат, ва аз торикӣ ба рӯшноӣ баромадан, яъне оғози рӯзҳои гарм маънидод мешавад. Айни замон, Наврӯзро дар 13 мамлакати ҷаҳон ҷашн мегиранд, ки бо номи Наврӯз унвон дорад.
Яке аз хусусиятҳои Наврӯз, ин густурдани Хони Ҳафтшин мебошад, ки аз ҳафт намуди хӯрока ва ашё иборат аст: Шир, Шона, Шамшод, Шаҳд, Шароб, Ширбиринҷ ва Шакар, ки дар замони нузули дини ислом ба Ҳафтсин табдил дода шуд, ки аз Себ, Сирко, Сабза, Суманак, Сикка, Санҷид ва Сумах тартиб гашт.
Аз соли 2009 иди Наврӯз дар Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуда, соли 2010 тибқи фармони СММ ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб шуд.
Таҳияи Л.А
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ