Наврӯз дар Душанбе баргузор мегардад? (Видео)

Чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба фазои идонаи Нарӯз дар пойтахти кишвар бетаъсир намондааст. Бо вуҷуди оне, ки дар маркази шаҳри Душанбе намо ё муҷассамаи суманакро гузоштаанд, дар маконҳои баргузории ид ва боғҳои фароғатии пойтахт ҳанӯз мардуми зиёд ба назар намерасанд. Бисёртари ҷавонон бо ниқоб мегарданд ва аз паҳншавии коронавирус дар ҳарос афтодаанд.

Мардуми тоҷик одатан иди Наврӯзро берун аз хона ва дар боғу гулгашт ва маконҳои наврӯзӣ таҷлил мекунанд. Имсол мақомот ба сокинон тавсия доданд, ки ҷашнро дар ҳалқаи хонавода ва дур аз ҷамъи зиёди одамон ҷашн гиранд, то аз хатари сирояти коронавирус эмин бошанд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ҳам меҳмонон аз Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя барои таҷлили Наврӯз ва тамошони шаҳри Душанбе ташриф овардаанд ва ба ин зебоиву ободӣ ҳарф мезананд.

Маврид ба зикр аст, ки коронавирус моҳи декабри соли 2019 дар Чин кашф шуд ва то кунун дар ҷаҳон беш аз 120 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд. Ин вирус боис ба марги беш аз чаҳор ҳазор нафар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *