Наврӯз мухолифи ислом нест

    Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст. Роҷеъ ба ин ҷашни бузург,ки аксаран олимони фиқҳ зидди он ҳастанд,  суҳбате доштем бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон  Ҳуҷатулло Фағонӣ

Ҷаноби оќои сафир, мо феълан дар остонаи таҷлили  иди  Наврӯз ќарор дорем ва суҳбатамон сари ҳамин мавзӯъ аст. Наврӯз моли муштараки на танҳо форсизабонон, балки  тамоми ҷаҳониён гардидааст. Дар Эрон ин ҷашн чӣ гуна таҷлил мешавад?

  — Дар ибтидо фаро расидани Наврӯзи бостониро ба мардумони  ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон ва ҳамаи мардумоне, ки ин рӯзро гиромӣ медоранд, табрик мегӯям.

Ҷашни Наврӯз дар Эрон муфассалтарин ва тӯлонитарин ҷашнест, ки  баргузор мешавад. Одобу суннате, ки марбут ба ин ҷашни бостонӣ мешавад, аз маросими чаҳоршанбеи охири сол (чаҳоршанбесурӣ), панҷшанбеи  охири соли куҳна (хондани фотеҳа ва ёди даргузаштагони он сол) шурӯъ мешавад ва баъд ҷашни рӯзи Наврӯз ва диду боздидҳо то рӯзи 13 фарвардин (13 рӯзи  баъд аз Наврӯз) идома меёбад, ки  ба он рӯзи табиат ҳам мегӯянд.  Бузургтарин вижагии Наврӯз посдошти фарҳангу одоби ниёкон, даври ҳам будану дидори  хешовандону дӯстон ва шодии мардуми ҳамзабон бо шурӯи баҳору сарсабзии табиат аст.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки ҶИЭ давлати исломист ва қисмате аз  фақеҳон ҷашнгирии онро ғайришаръӣ мегӯянд. Оё дар Эрон мардум ва ҳукумат мухолифи таҷлил аз Наврӯз нестанд?

  — Дар Эрон Наврӯз ќимати чандҳазорсола дорад ва ҳамгомиву  ҳамзамонии Наврӯз бо ойини исломӣ беш аз 1400 сол аст,ки дар ҷараён аст ва ҳама ба он пойбанданд.  Ҳамаи мардум  барои расидани Наврӯз, ки рӯзи ҷашни миллӣ ва бостониву ҳамдилист, рӯзшуморӣ мекунанд. Ҳамаи мо хотироти ҷашни Наврӯз, ид гирифтанҳо, ҳадя доданҳо, диду боздидҳои  наврӯзиро ба унвони ширинтарин хотироти худ  ба ёд дорем. Дар кишвари мо на танҳо  ҳеҷ гоҳ касе мухолифи Наврӯз набудааст, балки ҳамагон ҳам новобаста  аз давлату миллат ба баргузории шукӯҳманди Наврӯз кӯмак мекунанд. Бештарини сафарҳо, бештарини диду боздидҳо ва бештарини таътилоти расмии тайи сол дар Эрон дар айёми Наврӯз сурат мегирад.

 Дар Афғонистон  соли шамсӣ аз Наврӯз шурӯъ мегардад  ва дар радифи он соли ҳиҷрӣ низ истифода мешавад. Дар Эрон низ аз ин сол истифода мекунанд?

  — Мабдаъ ва оғози  сол дар Эрон шамсӣ ва ё хуршедист ва Наврӯзе, ки дар пай дорем, рӯзи аввали соли 1396  ҳиҷрӣ шамсӣ аст. Мабнои  сол дар Эрон ҳамеша шамсӣ будааст. Дар кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон низ сол аз Наврӯз оғоз мешавад ва мабнои сол ҳамон ҳиҷрӣ шамсӣ ё хуршедист.

Ба андешаи  шумо кадом омилҳо  боиси Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз гардид?

 Наврӯз  саршор аз вижагиҳои инсонӣ, сулҳдӯстӣ  ва ҳамбастагист, ҳамчунин, ҳамзамонии  Наврӯз бо  таҳаввули сарсабзиву эътидоли табиат бар ҷаззобияти ин рӯз меафзояд. Дар  ҳоли ҳозир, Наврӯз ба таври хос, дар беш аз 10 кишвари  ҷаҳон ба таври комил баргузор мешавад. Илова бар кишварҳои ҳавзаи  Наврӯз, ба тозагӣ кишварҳои дигаре аз Осиё ва Африқо низ барои пайвастан  ба ҷамъи қофилаи Наврӯзи ҷаҳонӣ ибрози тамоюл кардаанд ва дар бахшҳои зиёде  аз кишварҳои ҷаҳон низ гиромӣ дошта мешавад. Ҳамчунин, дар куҷои ҷаҳон, ки эронӣ, тоҷикӣ, афғонӣ, қирғизӣ, озарбойҷонӣ ва мардумони дигар кишварҳои минтақаи  Наврӯз бошанд, Наврӯз гиромӣ дошта мешавад. Илова бар мо, ки худ баргузоркунандаи  Наврӯз ҳастем,  бисёре  аз мардумони кишварҳои дигар низ муътақиданд, ки ҷашни Наврӯз  зеботарин ҷашни оғози сол аст. Паёми Наврӯз паёми  сулҳдӯстӣ, навъпарварӣ ва ҳамзистӣ аст,паёмҳое, ки ҷаҳонист ва мардумони ҳамаи ҷаҳон  ба онҳо ниёз доранд.  Дар  сурати фарогир шудан ва таваҷҷуҳи ҳамагон ба он метавонад ҷаҳони осебдида аз хушунат ва таассуботро беҳбуд бибахшад.

 Дар остонаи Наврӯз дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон намоиши суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла ҳафт сину ҳафт шин ва либосҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар Эрон ҳам чунин суннат вуҷуд дорад?

Дар Эрон ҳам суннатҳои мисли суннатҳои ҳамагонӣ ва саросарӣ монанди он чи дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ҳазорон сол аст, ки дар ҷараён аст, ҳамчунин дар манотиқ ва устонҳои мухталифи Эрон бо таваҷҷуҳ ба танаввуъи қавмҳо ва ҷуғрофиё бархе суннатҳои хоси маҳаллӣ низ вуҷуд дорад. Дар ҳақиқат, суннатҳои наврӯзӣ дар ҳамаҷо бисёр шабеҳ ва наздик ҳастанд. Диду боздиди ақвом, хешовандон, ҷашну шодии мардум, суфраи ҳафт син, идӣ ва ҳадя додан, пушидани либосҳои нав бахусус тавассути кӯдакон, аёдат аз беморон ва ғайраҳо …

Наврӯзи Эрон чӣ вижагиҳое дорад, ки онро шумо дар Тоҷикистон надидаед ?

Ҳамон тавре, ки ишора шуд, хеле аз одоб ва русум дар Эрон ва Тоҷикистон мушобеҳ ҳастанд, чун рӯҳ ва паёми Наврӯз яке аст. Дар Эрон дар устонҳо ва шаҳрҳои мухталиф баъзе русумоти хоси маҳаллӣ низ вуҷуд дорад, масалан, шеърҳо ва таронаҳои маҳаллӣ ва озинбандиҳои мухталиф ва мутаносиб бо муҳити ҳар минтақа, мешавад, шояд бишавад гуфт бештарин  тафовут дар ин аст, ки Эрон оғози сол бо Наврӯз аст, рӯзҳои таътили марбути Наврӯз бештар аст ва бештарин сафарҳо ва рафтуомадҳо ва бузургтарин ҷобаҷоиҳои тайи сол аз ду — се руз монда ба Наврӯз то сенздаҳи Наврӯз анҷом мешавад. Дар Эрон таътилоти Наврӯз бо рӯзи табиат тамом мешавад,ки зоҳиран дар Тоҷикистон ин суннат вуҷуд надорад. Дар рӯзи табиат мардум бо аъзои хонавода ва дар ҷамъи дӯстон ба домони табиат рафта ва як рӯзро дар дилу домони табиат мегузаронанд.

 Дар фасли зебои баҳор ба ҳамзабонони худ дар Тоҷикистон чӣ гуфтаниҳое доред?

Наврӯзро ба бародарон ва хоҳарони ҳамзабон ва ҳам фарҳанги тоҷик табрик мегӯям. Умед дорам паёми Наврӯз,ки паёми сулҳу дӯстӣ аст, беш аз пеш ҷаҳонӣ ва фарогир шавад. Барои мардуми Тоҷикистон дар Наврӯз, баҳор ва соле пурравнақ ҳамроҳ бо сулҳу сафову шодӣ орзу мекунам ва умед дорам дар ин сол равобити ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон амиқтар ва наздиктар шавад ва мардуми мо битавонанд дар сояи ин равобит ба рифоҳу оромиши бештар даст пайдо кунанд.

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *