Наврӯзи Ғаберӯд

Азбаски Худованд оҳаксангро барои мардуми деҳаи Ғаберӯд фаровон гардонидааст, онро дар оташдонҳо пухта, хонаҳои худро сафед мекунанд. Наврӯзи Ғаберӯд одатан 17 ва ё 18-уми март расман оғоз меёбад.

подшоҳи одил,  амнияти мулк ва арӯси бафотеҳа…

Наврӯзи Аҷам ҷашни бостонӣ буда, то кунун арзишҳои худро гум накардааст ва дар ҳар минтақаи кишвар он ба таври хос ҷашн гирифта мешавад. Дар ин навишта доир ба таҷлили ин ҷашни ниёкон дар деҳаи Ғаберӯди кӯҳистони Айнӣ ҳарф хоҳем зад.  

Омодагӣ ба ид

Аз аввалҳои моҳи март мардуми деҳаи Ғаберӯди ноҳияи Айнӣ  барои пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд. Хонатаконӣ аз нимаи аввали моҳи март шурӯъ шуда, бонувон ба хонатозакуниву кӯрпаофтобкунию шустушӯйи гилему либос оғоз мекунанд.

Азбаски Худованд оҳаксангро барои мардуми деҳаи Ғаберӯд фаровон гардонидааст, онро дар оташдонҳо пухта, хонаҳои худро сафед мекунанд. Наврӯзи Ғаберӯд одатан 17 ва ё 18-уми март расман оғоз меёбад.

Рӯзи аввал мактаби деҳа ба ҷашн ҳусни оғоз мебахшад. Хонандагони мактаб чорабинии бошукӯҳи идона доир карда, барномаи театрикунонидашудаи ҷашниро, ки аз омад-омади баҳору Наврӯз хабар медиҳад, пешкаши аҳли деҳ мекунанд.

Дар ин рӯз ҳар як хонавода деги калонеро рӯйи оташдон гузошта, гармӣ (оши бурида) мепазанд. Кӯдакон оши буридаро ба хонаи ҳамсояҳо бурда, баробари вориди ҳавлӣ шудан: «Соли наватон муборак шавад!» мегӯянд. Соҳибхона пас аз гирифтани хӯрок ба косаи ӯ аз таоми пухтаи худро бардошта «Соли нави ту ҳам муборак шавад!» мегӯяд…

Гаштак

Гаштак дар рӯзи дуюми ҷашни Наврӯз гузаронида мешавад.  Дар ин рӯз мардум аз субҳи содиқ дастурхони идона ороста, либосҳои нав мепӯшанд. Аввал мардҳо ва баъди ин занону духтарон бо навбат ба хонаи ҳамдигар мераванд ва дар сари дастархони идона пири рӯзгордидаи оила, баъди тиловати оёти раббонӣ дуои хайр мекунад:

«Омин, Соли нави бенуқсон биёд, подшоҳ одил бошад, мулкамон амон бошаду Худованд ба бефарзандон фарзанд тияд, беимононро имон, безанҳоро зан, бешавҳарҳоро шавҳар ва беморонро шифои комил диҳаду ғоибонро ҳозир кунад. Ва ҳамаи моро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад. Бираҳматика ё арҳама роҳимин».

Кӯдакон бошанд, дар ин рӯз хурсандиашон ҳадду канор надорад. Гурӯҳ-гурӯҳ хона ба хона гашта, «Соли наватон муборак, кулчаҳотон қаторак» мегӯянд. Ва соҳибхона ба ҳар кадоми онҳо кулчаву кулчақанд медиҳад.  

Зиёрати қабрҳо

Бояд гуфт, ки мардуми деҳаи Ғаберӯд дар ҷашни Наврӯз ба зиёрати қабрҳо мераванд. Ба хотири шод намудани рӯҳу арвоҳи гузаштагон дуои хайр дар ҳаққи онҳо мекунанд. Ин анъана аз қадим то ба имрӯз дар байни мардуми деҳ роиҷ аст.

Суманак

Албатта, Наврӯз бе суманак намешавад. Кадбонуи деҳаи Ғаберӯд вақти гузоштани деги суманак мегӯяд: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Дасти ман не, дасти Бибифотимаи Зӯҳро. Худо соли нави бафайз шавад». Ғаберӯдиҳо ба суманак таваҷҷуҳи махсус мекунанд ва онро на танҳо дар рӯзҳои Наврӯз, балки қариб як моҳ бо навбат мепазанд ва дар гирди он суруд мехонанд:

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем…

Ҷуфтбуророн

Дар рӯзҳои наврӯзӣ гурӯҳе аз мардону мӯйсафедон барзаговҳоро овардаву бо равғани зард шохҳои онҳоро чармин намуда, «касби бобоият ҳамин» мегӯянду юғро ба гардани барзагов мебанданд ва онро ба замин медароранд. Марди деҳқон тухмӣ пошидаву ҷуфтрон говрона дар даст барзаговҳоро идора карда, ҳаракат мекунад. Дар ҳамин вақт мардони дигар суруди «Майдаё, майда»-ро бо як овоз мехонанд:  

Дар биёбон нола кардам, хирмани гул дар гирифт,

майдаё-майдаё, майда,

Ҳайфи рӯйи беғуборам, чанги хокистар гирифт,

майдаё-майдаё, майда.

Ва ё:

Дарди дандон дораму дандон ба дандон мезанам,

майдаё, майдаё, майда,

Тоқати дардаш надорам, худро ба саҳро мезанам,

майдае, майдае, майда!

Бод

Пас аз он ки ҷашни Наврӯзи Аҷам шурӯъ мешавад, гурӯҳи занҳову духтарони деҳ гузар-гузар ҷамъ шуда, ба боғҳои русто мераванд. Пас аз ғун шудани ҳамагон нафаре арғамчинро гирифта, болои дарахти аз ҳама баланд (ғайр аз дарахти ар-ар)  баромада, мебандад. Нафаре ба он савор шуда, арғунчак (бод) меравад, дигарон бошанд, суруд хонда, шодмониву фараҳмандӣ мекунанд:

Бод рафтам сари дастори акоҷонам,

Ҳеҷ кас нест, харидораш.

Худам ҳастам харидораш

Бо модари айёраш

Гул чидани қинғолаш

Як банча гул дар зери тораш

Ҳайламаҷу, шӯрбо, каду.

(Қинғол, арӯсест ҳанӯз никоҳнашуда)

Анъанае ҳаст, ки агар модаре барои писараш духтареро номзад карда бошад, ӯро бод медиҳад.  

 Бодбарак

Кӯдакони деҳ ҳамасола омад-омади Наврӯзро бесаброна интизор мешаванд. Ҳамин ки ҷашни Наврӯз наздик омад, ҳар яке аз суғута (қиёқи карафс) ба худ бодбарак месозад. Суғутаро гирифта, дар ду тарафи он қоғаз насб мекунанд ва дастаи он ҳатман аз чӯби бақуввате сохта мешавад. Бодбаракро, тавре аз номаш фаҳмида мешавад, бод мебарад. Яъне, вақте наврасе суғутаеро гирифта, дар ду тарафи он қоғаз часпонида ва онро ба чӯбе насб карда медавад, онро бод тоб медиҳад ва ин барои наврасон беҳтарин бозист.  

Бозиҳои наврӯзӣ

Ресмонкашӣ.  Яке аз бозиҳои шавқоварест, ки дар ҷашни Наврӯз аз ҷониби ҷавонони иҷро мегардад, ресмонкашист.  Дар ин бозӣ аслан иштирокчиён ду гурӯҳ шуда, миёни онҳо мусобиқаи кашидани ресмон оғоз мегардад. Ҳар гурӯҳе ғолиб ояд, соҳиби туҳфа мешавад.

Гӯштингирӣ.  Мардони деҳаи Ғаберӯд Наврӯзро бо бозии гӯштингирӣ истиқбол мекунанд. Гӯштин варзишест, ки матонату шуҷоати мардони деҳа дар майдони он инъикос карда мешавад.

Сангчабозӣ. Сангчабозӣ сирф бозии духтарона аст ва бо омад-омади баҳоруНаврӯз оғоз меёбад ва се фасли дигар, то боридани борону барф идома меёбад.  Духтарҳо ба даст сангча гирифта, бозии худро шурӯъ мекунанд, ки ибтидои он ин мисраъ аст:

Посбон биру,

Посбон, эй гӯ…

Аҷиб аст, ки дар ҳар як давраи он шеъре қироат мегардад доир ба ҳамин бозӣ. Вақте бозингар бо дастони худ сангчаро ба боло мепартояд суруде аз даҳони он шунида мешавад. Ин ҷо аз он мисраъҳое ёд меорем, ки дар охири бозӣ суруда мешаванд. Зеро охири бозӣ аҷиб аст, ки дар он бозингар мегӯяд:

Фотима-Зӯҳро якта буд,

Чил кокулаш бофта буд.

Қасри подшоҳ рафта буд,

Аз ҳама боло шишта буд.

Мӯсичаҳои идора,

Пасту баланд мепаран.

Акоҷонаш ёд кардаст,

Чашми чапаш мепарад.

Баъди ба анҷом расидани шеър бозингар ба рақибаш мегӯяд: «Ара, мара, дар гардани фалонӣ (номи бозингарро мегирад) як мара». Ин ҷо аз овардани ҳамаи он мисраъҳое, ки ҳангоми бозӣ шунида мешаванд, худдорӣ намудаем.

Ба ғайр аз ин бозиҳо чанд бозӣ ва чорабиниҳои дигаре ҳаст, ки дар рӯзҳои Наврӯз аз ҷониби ғаберӯдиён иҷро мешавад. Махсусан хӯрокҳои миллии лазизе ҳаст, ки аз ҷониби кадбонуҳо пухта мешавад.

Солҳои 2019-2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Муаррифӣ намудани хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва расму русуми аҷдодии бошандагони рустоҳои кишвар боиси эҳёи онҳо хоҳад буд.

Азимҷон БАДАЛОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *