Наврӯзи байналмиллалиро дар Бишкек таҷлил карданд

24 марти соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯён Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд. Дар ин бора  аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин рӯз ҳавлии Сафорат тағйири шакл карда, ба фазои фарҳангу таърихи ҳазорсолаи тоҷик табдил дода шуд. Меҳмонони чорабинӣ бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз шинос карда шуданд.

Дар назди меҳмонони ҷамъомада бо сухани табрикӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода баромад кард. Сафир ҳамчунин қайд намуд, ки Иди қадимаи Наврӯз мутобиқи қатъномаи СММ Иди байналмилалӣ эълон гардида, ҳар сол 21 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯзи тантанавӣ донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии гуногуни Қирғизиситон таҳсил менамоянд, барои ҷамъомадагон барномаи ҳунарии худро нишон доданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *