Наврӯзи Тоҷикистон 20 март оғоз мешавад
Наврӯз ё соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон нимаи дувуми рӯзи душанбеи 20 март фаро мерасад. Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон гуфтааст, ки Наврӯз дар Тоҷикистон соати 15:28:42-и рӯзи 20 март фаро мерасад ва дар ҳамин вақт шабурӯз баробар мешаванд.
Хурсанд Ибоддинов афзуд, ки бо дар назардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан дувуним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ҷаноби Ибоддинов, се рӯз қабл аз фарорасии Наврӯз, соли нави деҳқонӣ оғоз мешавад ва кишту кори баҳорӣ бо дуои кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад. Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, бо поёни соли нави деҳқонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз низ вориди Тоҷикистон мешавад.
Дар ҳамин ҳол Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон эълон кард, ки имсол сокинони кишвар дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз бар иловаи шанбеву якшанбе (25-26 март), чаҳор рӯз (21 то 24 март) истироҳат хоҳанд кард. Тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 21 март аз як барномаи рангин дар Наврӯзгоҳ оғоз ёфта, рӯзи 22 март дар шаҳри Турсунзода идома меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ