Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар Панҷакент
Имрӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ вобаста ба Иди Наврӯз баргузор мегарданд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Тавре хабарнигори “Тоҷикистон таймс” ин субҳ хабар дод , дар ин чорабинӣ аз ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ намояндагон ширкат хоҳанд варзид ва аллакай қисмати калони намояндагони минтақаҳо ба Панҷакент омадаанд. Қаблан гуфта шуда буд, ки Наврӯз дар Панҷакент бояд рӯзи 27 март баргузор гардад. Аммо аз сабаби номусоид омадани обу ҳаво ин чорабинӣ як рӯз ба ақиб партофта шуд. Айни замон, тавре,ки хабарнигори мо Раҳмони Аҳмад аз Панҷакент гузориш дод, ҳавои шаҳру ноҳия барои баргузории ҷашни Наврӯз мусоид аст ва чорабиниҳои асосӣ баъд аз нисфирӯзӣ пебинӣ шудаанд.
Тафсилоти минбаъдаи Наврӯзи Панҷакентро аз сомонаи мо дарёбед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ