Наврӯзро тақсим мекунанд
Ҷашни асосӣ ё расмии Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода ва Душанбе баргузор хоҳад шуд. Абдуғаффор Абдуҷабборов – раиси дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон – гуфт, ки ба ин маросим меҳмонҳо аз Узбакистону Афғонистон даъват шудаанд. «Ҷашни асосии Наврӯз 21 март баргузор мешавад ва ин маросим то нисфирӯзӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода ва шом дар Наврӯзгоҳи пойтахт мегузарад», — афзуд ӯ.
Абдуғаффор Абдуҷабборов гуфт, ин маросим рӯзи 22 март дар минтақаҳои дигари кишвар идома хоҳад кард. Қаблан, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода – минтақаи ҳаммарз бо Узбакистон – баргузор мегардад ва қарори расмӣ дар ин замина рӯзи 19 декабри соли гузашта содир гардида буд.
Аммо дар як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 13 марти имсол таъкид шудааст, ки ҷашни асосии Наврӯзи имсола рӯзи 21 март дар Душанбе баргузор шуда, фақат шоми 22 март дар Варзишгоҳи марказии Турсунзода намоиши театрӣ дар назар аст. Абдуғаффор Абдуҷабборов мегӯяд, «ин барномаи кӯҳна аст ва ҳоло ҷашни асосии рӯзи 21 март миёни Турсунзода ва Душанбе тақсим шудааст.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ