Навраси тоҷик духтари ноболиғро таҷовуз кард
Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленингради Русия аз боздошти навраси 17-солаи тоҷик ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба духтари ноболиғ хабар додааст.
Ин манбаъ гуфтааст, ки рӯзи 12 октябр сокини 33-солаи шаҳраки Металлостройи вилояти Ленинград ба пулис аз таҷовузи ҷинсии як навраси тоҷик ба духтари 14-солааш хабар додааст.
Навраси тоҷик боздошт шуда ва Кумитаи тафтишотӣ нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷинойӣ боз кардааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҳодисаи дигари таҷовуз ба номуси духтари мактабхон рух додааст.
Гуфта мешавад, ду ҷавон бо номҳои Сергей ва Иван ба духтари 17-сола дарафтода ва ба номуси ӯ таҷовуз кардаанд.
Ин ду ҷавони 17-сола, ки дар ҳеч кор ё таҳсил намекарданд, аз ҷониби пулис дастгир шуда ва нисбати онҳо парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ