Наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми рушд-2022 чорум шуданд

Дар шаҳри Мински кишвари Белорус мусобиқаи 18-уми байналмилалии Ҷоми рушд-2022 анҷом ёфт. Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ин мусобиқа ҷойи чорумро ишғол кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозиҳои гуруҳӣ бо дастаҳои наврасони Молдова (2:2) ва “Динамо-Минск” (U-17) (2:2) мусовӣ бозӣ карда, дастаи наврасони Қирғизистонро мағлуб (3:2) кард ва аз дастаи мунтахаби Белорус (U-16) (2:3) шикаст хӯрд.

Наврасони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм аз дастаи мунтахаби 17-солаҳои Белорус (U-17) бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Дар финал дастаҳои мунтахаби наврасони Исроил (U-17) ва наврасони Белорус (U-16) бозӣ карданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ (2:2) анҷом ёфта, дар силсилаи пеналтӣ бахт ба рӯи исроилиҳо хандид ва бо натиҷаи 3:1 ғолиби ин мусобиқа шуданд.

Ҳуҷумкунандаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) Масрур Ғафуров бо шаш гол беҳтарин нишонзани Ҷоми рушд-2022 дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *