Наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи UEFA дуюм шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии рушди UEFA, ки дар Скопйеи кишвари Македонияи Шимолӣ баргузор шуд, ҷойи дуюмро гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов бо дастаҳои Македонияи Шимолӣ, Ҳондурас, Косово бозӣ карданд ва як пирўзӣ ба даст оварда, дар ду бозии дигар дар задани пеналтӣ ноком шуданд.

Дастпарварони Зайниддин Раҳимов дар бозии якум бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ дар вақти асосӣ мусовӣ (3:3) карданд (голҳоро Билол Бобоев (2 гол), Масрур Ғафуров заданд), аммо дар задани пеналтӣ 4:5 муваффақ нашуданд.

Сипас, дар бозии дуюм ҳамсолони худро аз Ҳондурас (3:1) шикаст доданд, ки голҳоро Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров заданд. Дар бозии охирин, ки амалан бозии ҳалкунанда буд, бо дастаи Косово дар вақти асосӣ мусовӣ (0:0) карданд, аммо дар задани пеналтӣ (3:4) мағлуб шуданд. Маҳорати дарвозабони Косово боис шуд, ки ду зарбаи аввали наврасони Тоҷикистонро баргардонад.

Дар натиҷа мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) панҷ хол ба даст овард. Ғолиби мусобиқа дастаи Косово (6 хол) гардид. Зинаи сеюми ифтихориро дастаи мунтахаби Македонияи Шимолӣ (4 хол) соҳиб шуд. Ҳондурас, ки дар бозии охир соҳибони майдонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо 3 имтиёз чорум шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *