Найранги миллионери тоҷик фош шуд

Додгоҳи олии Лондон як соҳибкори тоҷикро, ки аз афроди сарватмандтарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт, ба 1 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Аваз Назаров, ки як замон Корхонаи алюминии тоҷик (Талко)-ро дар Бритониё ба додгоҳ кашид ва барои ҳукумати Тоҷикистон дарди сари зиёде эҷод кард, ба сабаби иҷро накардани амри Додгоҳи олии Лондон барои бозгардондани 35 миллион доллари як соҳибкори рус ба зиндон маҳкум шудааст, аммо айни замон ин соҳибкори тоҷик дар Узбакистон қарор дорад ва маълум нест, ки чӣ гуна ҳукми зиндонро адо мекунад.

Ин ҳукм ба моҷарои Корхонаи алюминии тоҷик бо ширкати «Ансол Лимитед»-и Аваз Назаров ҳеҷ робита надорад, аммо Аваз Назаров 10 миллион доллари ин маблағро барои пардохти ҳаққи вакилони мудофеъ дар баҳси додгоҳиаш бо Корхонаи алюминии Тоҷикистон аз ширкати VIS Trading, мутааллиқ ба Валерий Воробёв, як соҳибкори рус гирифта ва дигар барнагардондааст. Додгоҳи салтанатии Лондон се сол пеш ба Аваз Назаров амр дода буд, ки барои риоят накардани қарордодҳояш бо ширкати VIS Trading Co Limited ба ин ширкат 35 миллион доллар бипардозад, вале Аваз Назаров ин амрро иҷро накардааст. Аваз Назаров аз ширкати мазкур тақрибан 24 миллион доллар пул гирифта, ваъда додааст, ки онро бармегардонад, аммо натавонистааст. Сиву панҷ миллион доллар бо шумули ҷаримаву хароҷот таъйин шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *