Найтхарт Хёфер-Виссинг: Агар хатаре ҳаст, радикализми исломист!
Мусоҳиба бо сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Ҷумҳурии Федеративии Олмон истиқлолият, якпорчагии Тоҷикистон, демократия ва рушди иқтисоди бозоргониро дар ин кишвар ҳамеша дастгирӣ мекунад», -изҳор дошт сафири фавқулода ва мухтори Олмон Найтхарт Хёфер-Виссинг. Суҳбати мо бо ӯ дар толори сафорат бидуни тарҷумон сурат гирифт.
Пуле, ки ду соҳилро мепайвандад
-Ҷаноби сафир, Олмон як кишвари бузург ва калидӣ дар Иттиҳоди Аврупост, Тоҷикистон, ҳарчанд дар қораи Осиё бузург ҳам набошад, мавқеи калидӣ дар Осиёи Марказӣ дорад. Аз нигоҳи шумо, ин ду кишварро бо ҳам чӣ мепайвандад?
-Албатта, муштаракот зиёд аст. Олимони олмонӣ тақрибан 100 сол пеш ба Тоҷикистон омадурафт доштанд ва дар соҳаи геология якҷоя бо олимони тоҷик тадқиқотҳои илмӣ мегузарониданд. Ибтидои ҳамкориҳо аз он замон оғоз ёфтанд ва то имрӯз идома доранд. Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар фронт ба ҳалокат расиданд. Замони ҳукмронии сталинӣ бисёре афсарони немис ба Тоҷикистон фиристода шуданд ва дар ин ҷо зиндагонӣ доштанд. Онҳо низ дар қатори тоҷикон ва намояндагони миллатҳои дигар нақше аз худ дар ин кишвар гузоштаанд.
Давраи ҷанги шаҳрвандӣ немисҳо, ки асосан дар қаламрави вилоятҳои Суғду Хатлон ва Душанбе мезистанд, Тоҷикистонро тарк намуданд. Албатта, дар ин қазия ҳукумат гунаҳкор нест, вазъияти баамаломада онҳоро ба чунин иқдом водор сохт. Ин раванди таърихист, набояд бобати он ашк рехт. Ҳаёт ҳамин аст. Ҳоло тоҷикон низ дар Олмон кору зиндагӣ доранд ва онҳо ҳам кӯпруке ҳастанд барои рушду фарҳанг ва илму адаб байни ду кишвар. Зиёд сайёҳони олмонӣ ба Тоҷикистон меоянд ва бо таассуроти нек ба Ватан бармегарданд. Онҳо аз манотиқи зебоманзари ин диёр, меҳмоннавозии мардуми тоҷик дар расонаҳои чопию электронӣ мақолаҳои ҷолибу хонданӣ ба нашр мерасонанд. Маро ҳам дидани манзараҳои зебои Тоҷикистон ба ваҷд овардааст. Чанде пеш видеои 45-дақиқагиро дар бораи баҳри “Қаракӯл”, ки дар қисмати ҷануби Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст, тамошо кардам. Хеле ҷолиб ва диданист. Аммо соҳаи туризми Тоҷикистон ҳоло ҳам беҳбудӣ металабад.
-Соли сипаришуда дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда буд. Ин соҳа дар Тоҷикистон майсаи нав аз заминдамидаро мемонад. Аммо индустрияи сайёҳӣ дар Олмон пешрафта аст. Оё дар ин самт ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар вуҷуд доранд?
—Бале, замина барои ҳамкорӣ гузошта шудааст. Қаблан ташкилоти олмонии “GIZ” дар бахшӣ сайёҳӣ кор мекард, вале ҳоло бо сабабҳои ба ман номаълум фаъолият намекунад. Он метавонист дар ин самт корҳои назаррасе анҷом диҳад, аз Олмон сайёҳони зиёдеро ба Тоҷикистон фиристонад. Мо метавонем ҷиҳати рушди соҳаи туризм ҳамкориҳо дошта бошем. Туризм як соҳаи муҳим ва нозук дар равобити байналхалқист. Ҳоло талабот ба сайёҳӣ дигар шудааст, сайёҳони имрӯза шароити беҳтари истироҳат мехоҳанд. Мутаассифона, Тоҷикистон аз раванди туризми байналмилалӣ каме қафо монд. Ҳарчанд ҳоло ҳам чандон дер нашудааст, имконот ҳаст. Тоҷикистон аз бузургтарин неъмат- обу ҳавои тоза, табиати нотакрор ва мардуми меҳмоннавоз бархӯрдор аст. Таваҷҷуҳи сайёҳон махсусан ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, кӯҳҳои Помир ва дигар манотиқ бештар аст. Танҳо инфрасохтор ва сатҳи хизматрасониро ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ сохтан лозим аст.
-Гузашта ва фардо ду соҳиле ҳастанд, ки кӯпруки вақт, имрӯз онҳоро ба ҳам мепайвандад. Соли 2018 барои Сафорати Олмон дар Тоҷикистон чӣ соле буд?
-Соли бобарор, серҳосил. Маҳз охири сол бо Ҳукумати Тоҷикистон доир ба вусъати ҳамкориҳо гуфтушунидҳо доштем. Айни замон миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Олмон асноди лоиҳаи НБО-и «Себзор» дар ВМКБ таҳти баррасӣ қарор дорад. Мо ин лоиҳаро омӯхтем ва онро барои Тоҷикистон муҳиму манфиатовар медонем. Инчунин, моҳи декабри соли 2018 як ҳайати бонуфузи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федералии Олмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати Вазорати корҳои хориҷии кишвари шумо мулоқот оростанд. Ҷонибҳо асосан атрофи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки барои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо муҳиманд, суҳбат доштанд. Вазъи имрӯзаи Афғонистон моро бетараф гузошта наметавонад ва дар ин мулоқот масъалаи мазкур низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, дар соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе конфренсия нисбати афроди имконияташон маҳдуд ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо доир намудем, ки дар он намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ наздики 100 нафарро ташкил мекарданд, иштирок намуданд. Ман чунин фикр мекунам, ки бояд афроди имконияташон маҳдуд, ки дороии давлату ҷамъиятанд, фаъол бошанд, лозим будани худро эҳсос намоянд. Онҳо, ки ниёз ба дастгириву кумак доранд, набояд аз мадди назар дур монанд. Умуман, ин конфренсия дар сатҳи хеле хуб доир гашт ва иштирокдорон ба он баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, чандин лоиҳаҳои фарҳангиро дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе баргузор намудем. Дар соли 2019 бо даст ёфтани имкони молӣ ин корҳоро идома медиҳем.
-Тоҷикистон манбаи бузурги неруи барқ дар минтақа аст. Олмон бошад, соҳиби технологияи нодири захираи неруи барқ дар дунёст. Оё имкони дар заминаи ҳамкорӣ бо Олмон тадбиқи ин технология дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?
-Шумо имконияти моро дар ин соҳа аз будаш зиёд баҳо медиҳед. Ҳашт сол пеш Ҳукумати Федеролии Олмон аз истифодаи неруи барқи ядроӣ даст кашид ва рӯй ба манбаъҳои барқи таҷдидшаванда овард. Дар Олмон низ мушкилоти энергетикӣ, ки ҳоло роҳҳои ҳалли онҳоро меҷӯем, вуҷуд доранд. Ба иртиботи онҳо дар назди Ҳукумат комиссияи махсус ташкил шудааст. Дар кишвари мо, хусусан қисмати шимол неруи барқи бодӣ бештар истеҳсол мешавад. Замоне, ки бод сахт аст, барқ аз талабот бештар истеҳсол мегардад ва зарурати захира намудани он пеш меояд. Аммо сокинони минтақа муътақид бар он онанд, ки захира ба саломатии онҳо зарар мерасонад. Олмон дар ҷустуҷӯи роҳҳои пайдо кардани технологияи безарари захира намудани неруи барқ қарор дорад. Ҳар касе, ки онро пайдо мекунад, гумон мекунам аз Бил Гейс дида, бойтар хоҳад шуд. Олмон такя ба неруи таҷдидшавандаи барқи бодӣ, офтобӣ ва обӣ дорад. Дар Тоҷикистон ҳам ин захираҳо фаровонанд. Агар онҳо пурра мавриди истифода қарор гиранд, истеҳсоли барқ аз талабот чандин маротиба зиёд хоҳад буд. Дар ин ҳолат роҳҳои ба ҳамсояҳо фурӯхтани онро мебояд ҷуст.
-Дар як осоишгоҳи Аврупои Шарқӣ шоҳиди ба тоҷикӣ суҳбат доштани ду аврупоӣ гаштам. Ба онҳо наздик омадам ва пурсидам, ки аз куҷоянд ва мансуб ба кадом миллатанд. Онҳо гуфтанд, ки олмониянд ва зодаи Тоҷикистон. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ватани аслиашон баргаштанд. Қаблан немисҳо дар вилояти Хатлон, хусусан ноҳияҳои Қумсангир, Колхозобод, Панҷ зиёд зиндагӣ доштанд. Онҳо изҳор карданд, ки хоҳиши ба роҳ мондани соҳибкорӣ дар Тоҷикистон доранд, аммо имконоти молиашон маҳдуд аст. Оё имкон дорад, ки Ҳукумати Олмон барои тадбиқи ин ҳадафашон ба онҳо кумак кунад?
-Барномаи байналмилалии рушди Олмон мавҷуд аст. Онро ташкилоти “GIZ” бо номи ТРIGER амалӣ мекунад, ки асосан барномаҳои хурд, аз қабили кашидани хати оби ошомиданӣ, логистика ва ғайраро маблағгузорӣ мекунад. Аммо пешниҳоди маблағ дар шакли қарз сурат мегирад ва лоиҳа мушаххасу манфиатовар бошад. Ҳоло мутахассисони институтҳои молиявии Олмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолият доранд. Аммо шароити кор, сармоягузорӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷо чандон хуб нест. Низоми андозбандӣ, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузор, баргардонидани маблағ кафолату такмил мехоҳад. Дар ин самт Сафорати Олмон бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро тақвият бахшида истодааст, то ин ки барои сармоягузорон шароит фароҳам оварда шавад. Аммо ин ҷараёни дурудароз аст.
-Маводи ғизоӣ ва оби ошомиданӣ барои неруҳои ҳарбии дар Афғонистон қарордоштаи Олмон аз Аврупо интиқол дода мешавад. Дурии масофа нархи маҳсулотро гарон месозад. Оё имкон надорад, ки бо истифода аз шаҳрвандони Олмон, ки қаблан шаҳрванди Тоҷикистон буданд корхонаҳои хурди истеҳсоли маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон бунёд гардад ва бо маҳсулоти онҳо неруҳои дар Афғонистон будаи Олмон, умуман НАТО таъмин сохта шаванд?
—Чаро не? Ин имкон дорад. Ман дар Ӯзбекистон чанд сол сафир будам. Барои базаи ҳарбии мо помидору дигар намуди сабзавотро аз Олмон меоварданд. Сабаб дар он буд, ки сифати маҳсулоти полезии ин кишвар аз стандарти Иттиҳоди Аврупо нагузашта буд ва истеъмоли он барои сарбозон иҷозат дода намешуд. Ба роҳ мондани истеҳсол ва содироти маҳсулот, оби нӯшокӣ имконпазир аст, аммо он бояд сертификати Иттиҳоди Аврупоро соҳиб бошад. Ибтидо ин масъаларо мебояд ҳал кард. Баъдан, барои амалӣ намудани иқдоми мазкур сармоягузор лозим аст. Ширкатҳои ватанӣ ҳам бояд барои амалӣ сохтани ин ҳадаф талош варзанд, технологияи замонавиро аз Олмон ворид созанд.. Ин тиҷорати хуб аст. Кадрҳоро ҳам барои корхона омода кардан лозим. Чунки кадрҳо бояд стандартро риоя кунанд ва ба он эҳтиром гузоранд.
Маърифат идроку ҳушёрӣ диҳад
-Низоми таълими Иттиҳоди Шӯравӣ, ки нусхабардорӣ аз низоми таълими Олмон буд, хеле пешрафта ва самарабахш дониста мешуд. Вале он зина ба зина аз байн меравад. Гумон мекунам бо дастгирии Ҳукумати Олмон бунёд намудани як гимназия ба забон ва низоми олмонӣ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва забони олмонӣ иқдоми хубе мебуд.
-Ҳоло низоми ягонаи таълим дар Олмон вуҷуд надорад, ба он тағйиротҳои зиёд ворид шудааст. Ҳатто гимназие, ки ман хондаму хатм кардам, дигар нишоне аз низоми таълимаш намондааст. Дар маҷмӯъ, системаи маориф ва илм дар Олмон комилан дигаргун шуд. Ҳоло намедонам, кадом низом беҳтар аст.
-Замоне дар Тоҷикистон қариб дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ забони немисӣ таълим дода мешуд. Аммо ҳоло шумораи онҳо ангуштшумор аст. Оё ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳи сафорат қарор дорад?
-Дар Тоҷикистон талабот ба омӯзиши забони олмонӣ ҳаст. Наздики 30 ҳазор донишҷӯёну хонандагон дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ин забонро меомӯзанд. Ҳатто 5 мактаб аз Душанбе ва Хуҷанд бо сафорат дар самти азхудкунии забони олмонӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ният дорем, ки теъдоди чунин таълимгоҳҳоро зиёд кунем ва муаллимонро аз Олмон ҷалб намоем. Зеро ин фазо холист. Инчунин, омӯзгорони тоҷикро, ки аз забони олмонӣ дарс мегӯянд, мехоҳем ба Олмон барои такмили таҷриба фиристем ва соҳиби диплом шаванд.
-Дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бисёр иншооти маъмурӣ, фарҳангӣ ва маориф бо тарзи меъмории олмонӣ бунёд гаштаанд. Ҳоло, ки дар шаҳри Душанбе таҷдиди меъморӣ роҳандозӣ шудааст, имкон дорад, ки меъморони Олмон дар такмили ин биноҳо ва тарҳҳои нав бо Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамкорӣ кунанд?
-Ин саволи бисёр ҷолиб аст. Медонед, дар Полша шаҳреро немисҳо сохтаанд ва мо наметавонем ба онҳо гӯем, ки ин шаҳрро барои наслҳои оянда нигоҳ доранд. Он чӣ дар Тоҷикистон бо қувваи олмониҳо бунёд гаштааст, мероси муштарак меҳисобем ва ҳифзи он вазифаи ҳар кадоми мост. Замоне, ки ман ба Душанбе омадам, он як шаҳри аврупоиро ба хотир меовард. Ҳоло Душанбе бештар замонавист ва биноҳои дорои чеҳраи хоси худ (индувидуалӣ) камтаранд. Ин назари шахсии ман аст. Ва ман бар он андеша ҳастам, ки биноҳое чун Чойхонаи “Роҳат”, театрҳо бояд ҳифз карда шаванд. Зеро онҳо мероси фарҳангии мардуми тоҷиканд.Тоҷикистон дар Роҳи бузурги абрешим қарор дорад ва ҳифзи иншооти қадима нишоне аз таъсири мутақобилаи фарҳанги Шарқу Ғарб аст, ки дороии тоҷикон мубаддал гаштааст. Ман муътақидам, ки бисёре аз онҳо нигоҳ дошта мешаванд. Вале дар баробари ин зарурати ҷавон сохтани шаҳр ба миён омадааст. Сари ин мавзӯъ бо сиёсатмадоре баҳс доштам. Ӯ изҳор намуд, ки дуруст аст, ки сайёҳон иншоотҳои қадимаро меписанданд, вале дар баробари ин сокинони ин биноҳо мехоҳанд, ки дар хонаҳои замонавии дорои шароити хуб зиндагонӣ кунанд. Инро низ бояд дарк кард. Меъмории шаҳр раванди зинда аст. Мехоҳӣ нишонаҳои давраи ҷавониатро маҳфуз дорӣ, аммо замона талаботҳои худро ба миён мегузорад, ки онро наметавон сарфи назар намуд.
Брексид
Пайомадҳо барои Иттиҳоди Аврупо ва Британия
-Иттиҳоди Аврупоро тарк кардани Англия чӣ пайомадҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барои Олмон дорад?
-Ҳеҷ амале бе нишоне намемонад.. Аллакай бисёриҳо дар ин бора менависанд, назарҳои мухталиф баён мешаванд. Аммо ин теория аст, баъд аз вуқӯи ин ҳодиса дар амал чӣ шуданашро хоҳем дид. Иттиҳоди Аврупо як узви асосии худро аз даст медиҳад ва мо чун дигар аъзои иттиҳод аз ин афсӯс мехуред. Зеро як узви соҳибфалсафаи сиёсию иқтисодӣ аз мо ҷудо мешавад. Британиёиҳо дар баҳс мураккаб, вале шарики оддӣ набуд.
Мо мехоҳем баъд аз ҷудоӣ ҳам ҳамкориҳоро бо Британияи Кабир аз даст надиҳем. Зеро бозори иқтисод, тиҷорати Олмон бо Британияи Кабир сахт пайванд мебошад. Мо душвориро асосан дар дубора барқарор намудани шартномаҳои тарафайн мебинем. Имзои шартнома, албатта, дигаргуниҳои зиёд ба миён меорад. Брексид Иттиҳоди Аврупоро боз ҳам муттаҳидтар месозад. Ҳаҷми гардиши тиҷорати мо дар доираи Иттиҳоди Аврупо ниҳоят калон аст. Инро ҳам ҷиддӣ омӯхта истодаем. Интизорем, ки ваъз муътадил мешавад ва маҷрои мусбиро касб мекунад.
-Афғонистон минтақаи ҳассос аст. Ҳузури неруҳои ДИИШ дар ин кишвар барои Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад. Дар сурати аз ҷониби ДИИШ шикастани сарҳади ин мамолик, ҳуҷум овардан неруҳои ҳарбии Олмон кадом мавқеъро интихоб мекунанд?
-Фикр мекунам, ки чунин хатар, таҳдид ҷой надорад. Ман дар Ӯзбекистон сафир будам ва дар тамоми давраи истиқлолият як бор хатари вайрон кардани сарҳад ҷой дошт. Аз ин ҷиҳад набояд хавотир кашид. Аммо хатари радикализатсияи исломӣ вуҷуд дорад, аз ин мебояд хавотир шуд. Терроризми Давлати исломӣ ҷой дорад, ҳарчанд ҳоло он андаке коҳиш ёфтааст. Ҳоло ҷомиаи ҷаҳонӣ дар ҷусуҷӯи роҳҳои ҳалли ин масъала қарор дорад. Албатта, танҳо аз роҳи ҳарбӣ ҳал кардани он ғайриимкон аст, роҳҳои иқтисодӣ, иҷтомоӣ ва фарҳангии онро низ мебояд ҷуст. Дар Афғонистон неруҳои низомии Олмон ҳузур доранд. Ҳоло қазияи Афғонистонро мехоҳанд бо роҳи сулҳ ҳал намоянд. Мо онро ҷонибдорӣ ва ин равандро тақвият медиҳем, ки мардуми Афғонистон дар фазои сулҳ ва оромӣ зиндагӣ кунанд.
-Олмон имрӯз аз ватани олмониён дида, бештар ватани муҳоҷирон шудааст. Олмон чӣ оҳанрабое дорад, ки муҳоҷирон ва гурезагонро сӯи худ мекашад?
-Ба Олмон рафтан як андоза модда шудааст. Мардум фикр мекунанд, ки дар Олмон дастархони пурнозу неъмат онҳоро интизор аст. Ин на танҳо ба гурезагони сиёсӣ, балки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам тааллуқ дорад. Албатта, онҳоро фикри маоши баланд ва кумакҳои иҷтимоӣ ба ин роҳ мебарад. Ҳатто хаёли хоме ҳаст, ки гӯё Ҳукумати Олмон барои ҳар муҳоҷир хонаи алоҳида медиҳад. Ин тасаввурот ҳам нодуруст аст. Мо муҳоҷирони ғайри қонуниро ба ватанашон бармегардонем.
-Дар Тоҷикистон ва иддае аз кишварҳо ҲНИТ — ро ҳизби террористӣ медонанд. Аммо Олмон, тавре ки шумо гуфтед, бар муқобили радикализм ва терроризм мубориза дорад, вале ба онҳо паноҳандагии сиёсӣ медиҳад. Магар ин мусоидат ба паст шудани шиддати терроризм дар ҷаҳон мекунад?
-Ман борҳо сари ин масъала бо масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон суҳбат доштам. Аз онҳо хоҳиш намудам, ки асноди раднопазири террористӣ будани ҳизб ва ашхоси шомили онро пешниҳод кунанд. Маълум аст, ки Суди Олии Тоҷикистон ин ҳизбро ташкилоти террористӣ эълон кардааст. Аммо барои тасмим гирифтан нисбати ин ҳизб хулосаи қарори Суди Олмон бо дигар аъзои Иттиҳоди Аврупо лозим аст. Бар замми он, дар Олмон қонун дар бораи додани паноҳандагии сиёсӣ бекор карда нашудааст. Агар бо асноди муътамад террористӣ будани ин ташкилот дар Суди Олмон исбот шавад ва Суди конститутсионӣ онро эътироф намояд, он гоҳ дар асоси ин ҳукм амал карда мешавад. Ин танҳо он вақт имкон дорад. Барои ин лозим аст, ки мо маълумоти бештар дошта бошем ва онро бисанҷем.
-Шумо сафир дар Ӯзбекистон будед. Ду сол аст, ки дар Тоҷикистон ин мақомро касб кардаед. Таҳаввулоти ду соли охир – риштаи дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро чӣ гуна пазируфтед?
-Ман чандин сол Сафири Олмон дар Ӯзбекистон будам ва вазъиятро хуб медонам. Талошҳои ду Президент-Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон барои дубара барқарор намудани муносибатҳои дӯстии ду халқ хеле бузург аст. Хуб шуд, ки сарҳадоти байни ду ҳамсоякишвар кушода шуд ва замина барои рушди иқтисод фароҳам омад.
Мусоҳиб
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ