Назарбоев ҳам риши дарозу ҳиҷобро бад мебинад

Нурсултон Назарбоев – президенти  Қазоқистон – аз шими кӯтоҳу риши дарози ҷавонон ва ҳиҷоби сиёҳи духтарон дар ин кишвар ба шиддат интиқод карда, онро «хилофи фарҳанги мардум» номидааст.

Вай рӯзи 19 апрел дар суҳбат бо намояндагони дин дар Остона гуфтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба чунин бегонапарастӣ дар Қазоқистон роҳ нахоҳанд дод.Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон гуфт, ки ӯ «бесаводии ҷавонҳо»-ро далели ин вазъ арзёбӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, «агар ҷавонон ба равияҳои бегона рӯ оранд, бо давлат чӣ хоҳад шуд? Давлат бояд дунявӣ бошад ва пеш равад.»Нурсултон Назарбоев дар идомаи ин суҳбат аз афзоиши сафи занони, ба қавли ӯ, «сиёҳпӯш» ҳам нигаронӣ карда ва гуфтааст, чунин сарулибос мувофиқ бо анъанаҳои мардум нест. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, қазоқҳо танҳо дар рӯзи мотам либоси сиёҳ ба бар мекунанд. «Ин масъала бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ҳал шавад. Мо онҳоеро таҳаммул намекунем, муқобили ҳадафҳои мо мебароянд», — таъкид кардааст президенти Қазоқистон.Вай гуфтааст, мусалмони воқеӣ на аз рӯи либос, балки бо зебоии ботинӣ фарқ мекунад. «Агар дар қалби инсон ишқ ҳаст, пас, ӯ эътиқод дорад», — афзудааст Назарбоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *