Назарбоев боз як вазифаи дигарро гирифт
Бо қабул намудани қонуни нав Нурсултон Назарбоев салоҳияти раҳбари Шӯрои амнияти Қазоқистонро ба даст овард. Ӯ 30 сол боз президентии Қазоқистонро бар уҳда дорад.
Ин қонунро моҳи гузашта дар парлумони Қазоқистон қабул намуданд, ки Суди консититутсионӣ аз он пуштибонӣ кард Назарбоев ба ин санад рӯзи 5 май — як рӯз пеш аз 78-солагиаш, имзо гузошт, ки ба таҷлили Рӯзи Остона мувофиқ шудааст. Ҳукми қонуниро баъд аз нашр шудани қонун дар матбуоти расмӣ гирифт. Бар пояи ин санад, Назарбоев бинобар «рисолати таърихӣ»-аш аз имтиёзи нав бархурдор шуд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки Назарбоев бо ин роҳ мақсад дорад, ки баъди рафтан аз вазифаи президентияш, салоҳияти роҳбарияшро нигоҳ дорад. Соли гузашта ӯ барномаи таслими салоҳиятҳояш ба ҳукумату порлумонро эълон кард ва унвони «Довари олӣ»- ро ба худ гирифт.
Назарбоев аз соли 1998, замоне, ки Қазоқистон ҳанӯз узви Иттиҳоди Шӯравӣ буд, раҳбари Қазоқистон аст. Моҳи апрели соли 2015 ӯ барои бори панҷум президенти ин кишвар интихоб шуд. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 97,75 дар сади райъдиҳандагон ба ӯ овоз доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ