Назарбоев президенти Шӯрои туркҳо интихоб шуд

Бино ба изҳороти Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон ба унвони ифтихории Президенти якумрии Шӯрои Туркҳо сарфароз шудааст.

Бино ба изҳороти Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон ба унвони ифтихории Президенти якумрии Шӯрои Туркҳо сарфароз шудааст.

Гуфта мешавад, ин ташаббусро президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон пешниҳод ва роҳбарони дигари Шӯрои туркҳо ҷонибдорӣ кардаанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, Назарбоев ба хотири «нақши барҷастааш дар муттаҳид кардани туркзабонон дар солҳои 1990 ва ташкили созмони ҳамгироии туркон» ба чунин мақом мушарраф шудааст.

«Ақидаҳо ва тарҳҳои Нурсултон Назарбоев аз ин ба баъд низ тариқи ин Шӯро амалӣ хоҳанд шуд», — омадааст дар изҳорот.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *