Назарбоев сенатори фахрӣ шуд

Бо пешниҳоди президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар сенати Қазоқистон ба Нурсултон Назарбоев унвони «сенатори фахрӣ» дода шуд.

Бо пешниҳоди президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар  сенати Қазоқистон ба Нурсултон Назарбоев унвони «сенатори фахрӣ» дода шуд.

«Додани унвони «сенатори фахрӣ» маънои эътирофи хидматҳои таърихии президенти нахустини Қазоқистонро дорад, ки ҳамчун бунёдгузори давлати Қазоқистон ба хотири ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандон анҷом додааст», — омадааст дар иттилоияи сенат.

Ҳамчунин, Т оқаев рӯзи 29 май  дар оғози ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) эълом кард, ки бо пешниҳоди Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Нурсултон Назарбоев унвони «раҳбари фахрии ИИАО» дода шуд.

Худи Назарбоев пеш аз ҷаласа президентҳои Русия, Белорус ва Қирғизистонро бо ордени ба номи худ қадрдонӣ кард.

Нурсултон Назарбоеви 79 сола ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989  қудратро дар Қазоқистон ба даст гирифт. Соли 1990 бори нахуст президенти Қазоқистон интихоб шуда, дар чандин интихоботҳои президентии баъдӣ низ баранда эълом гашт. Муҳлати президентии ахири ӯ соли 2020 ба поён мерасид. Вай соли 2017 «дарозумртарин президент» дар кишварҳои пасошӯравӣ эълом шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *