Назари президенти Арманистон дар мавриди истеъфояш

Бино ба иттилои sibnovosti.ru, президенти Арманистон Армен Саркисян ба истеъфо меравад. Дар ин бора дар сомонаи президент хабар дода шудааст.

«Ман дурудароз фикр кардам ва пас аз тақрибан чор соли кори фаъолона тасмим гирифтам аз вазифаи президенти Арманистон истеъфо диҳам. Ин комилан тасмими эҳсосотӣ нест ва аз як мантиқи муайян бармеояд. Дар ин замони барои давлати мо душвор институти президент набояд объекти ғайбату тавтеа бошад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро аз масъалаҳои воқеан муҳим дур мекунанд. Имрӯз амалҳои пурмазмуну хуб андешидашуда лозиманд. Дар акси ҳол, мо — арманиҳо дар канораи таърих хоҳем афтод”,- гуфтааст Саркисян дар изҳороташ.

Ӯ таъкид намудааст, ки аз сабаби имкон надоштанаш барои таъсиррасонӣ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мансабро тарк мекунад.

Бояд гуфт, ки президенти Арманистон аз ҷониби Маҷлиси миллии ин кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад. Саркисян моҳи марти соли 2018 интихоб шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *