Назарсанҷӣ: Хушбахтӣ дар диплом аст?

Ҳар шахс, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, дар зиндагӣ хушбахтиро орзу мекунад. Яке дар орзуи шавҳари хуб аст, дигарӣ мехоҳад, зани зебою доное бигирад, ки дар оянда фарзандонашро тарбияи нек дода, дар кашидани аробаи зиндагӣ кӯмак расонад. Духтарону ҷавонон дар интихоби ҷуфти ҳаётии худ бисёр меандешанд, зеро хушбахтиву бадбахтии ҳар кадоми онҳо аз шахсе вобастагӣ дорад, ки дар оянда ҳамсафари умрашон мегардад. Мушкили асосии ҷомеаи имрӯзаи мо зимни интихоби ҳамсар, ин маълумоти олӣ доштан ё надоштани арӯсу домод аст. Баъзеҳо бар онанд, ки ҳамсари дипломдошта беҳтар аз бе диплом аст, аммо баъзеи дигар зидди чунин андеша ҳастанд. Назарсанҷии имрӯзаи мо оид ба ҳамин мавзӯст.

АКБАРХӮҶА, аз ноҳияи Рашт, донишҷӯи ДДТТ:

Зани хондагӣ намехоҳам

Духтари хондагӣ чашмаш кушода асту ба кас гап ёд медиҳад. Мехоҳам ҳамсарам духтари сархам бошад, телефон надошта бошад. Духтарҳои таҳсилкарда бе телефон зистан наметавонанд. Дунёи онҳо телефону ватсап ва фейсбук аст. Аз тамоми гӯру балои дунё бохабаранд. Ман дидаву дониста, ҳаёти худро сӯзонидан намехоҳам. Духтаре, ки тамоми вақти худро барои хондан сарф кардааст, аз уҳдаи корҳои хона баромада наметавонад. Намехоҳам барои модарам дарди сар барам.

САМИНА, аз шаҳри Ҳисор, донишҷӯи ДДОТ:

Бачаҳои нахонда рашки беҳуда доранд

Шавҳари таҳсилкарда ҳамаҷиҳата хуб аст. Фикр мекунам имрӯз ҳамаи духтарон ҳамсари хондагӣ доштан мехоҳанд. Бачаҳое, ки намехонанд, дар зиндагӣ пухта нестанд. Ҳар чизро баҳона карда, завҷаи худро мезананд. Рашк бисёр мекунанд ва намегузоранд занҳояшон аз хона берун бароянд. Ман инро дар зиндагии хешу пайвандон ва атрофиёни худ дидаам. Мардҳои бе диплом ҷаҳонбинии танг доранд, ҳама чизро ба шакли манфӣ қабул мекунанд.

ПАРВИЗ, аз шаҳри Душанбе, донишҷӯи ДМТ:

Бо зани хондагӣ зистан осонтар аст!

Зани хондагӣ бофаҳму боандеша мешавад. Новобаста аз он ки ӯ дар куҷо хонда ва кадом ихтисосро гирифтааст, дар зиндагӣ мушкилбардор мешавад. Дар ҳаёт пастиву баландиҳо зиёд аст, зани босавод дар ин пастиҳо дастатро мегирад. Агар нохонда бошад, дар мушкилиҳо дастатро раҳо мекунад.

МАЛОҲАТ, аз ноҳияи Айнӣ, донишҷӯи ДДЗТ:

Марди хондагӣ аробаи зиндагиро кашида метавонад!

Марди хондагӣ ҷаҳонбинии васеъ дорад, нигоҳаш ба зиндагӣ мусбат аст. Мард дар ҳаёт барои зан такягоҳ аст, аз ин рӯ, барои такягоҳи зан будан ақлу фаросату фаҳмиш даркор аст. Мавқеи мард дар оила аз саводу ҷаҳонбинияш сахт вобастагӣ дорад. Марди хондагӣ аробаи зиндагиро кашида метавонад!

ШОКИР, аз шаҳри Конибодом, донишҷӯи ДТТ:

Зани босавод фарзанди босаводро ба воя мерасонад

Дар дини ислом омадааст, ки талаби илм барои толибу толиба фарз аст. Зан хондагӣ бошад, ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ осон мешавад. Ман мехоҳам ҳамсарам таҳсилкарда бошад, зеро ӯ метавонад донишу малакаи худро ба фарзандонамон омӯзонад. Ҳаёт бе мушкилӣ нест, гоҳе бисёр ғам мехӯрӣ, гоҳи дигар шоду масрур ҳастӣ. Агар мард зани бофаҳм дошта бошад, зиндагӣ рангин мегузарад. Ҳар мард мехоҳад, ки замони сахтиҳои зиндагӣ паҳлӯяш зани мӯнису ғамгусор бошад.

ДИЛАНГЕЗ, аз шаҳри Душанбе, донишҷӯи ДМТ:

Шавҳари хондагӣ биҳиштро мемонад

Шавҳари хондагӣ биҳиштеро мемонад, ки зан дар он зиндагӣ мекунад. Барои ҳар духтар қаҳрамонаш дар зиндагӣ падар аст. Аз ин рӯ, бояд ҳамсараш барои ӯ такягоҳ бошад, то дили духтар пур шавад, ки ӯ низ қаҳрамон шуда метавонад. Аслан хондан аз хондан фарқ дорад. Ҳар нафаре, ки донишгоҳ рафтаасту хондааст, хондагӣ ба ҳисоб намеравад. Ман мехоҳам сатҳи саводи ҳамсарам аз ман болотар бошад. Ӯ бояд аз ман чанд қадам пеш бошаду ман аз дунболаш равам. Ҳамсаре, ки саводи хуб дорад, дар зиндагӣ ба роҳи дуруст меравад ва мусаллам аст барои фарзандонаш падари хуб мешавад.

ШАҲРОМ, аз шаҳри Панҷакент, донишҷӯи ДДТТ:

Бо зани бесавод зиндагӣ бе ранг аст

Барои ман фарқе надорад, ки зан хондагӣ аст ё не, муҳим зани бофаҳм бошад. Азбаски худ донишҷӯ ҳастам, медонам, ки духтари хондагӣ хуб аст, зеро ӯ метавонад дар зиндагӣ бештар ба ман кӯмак расонад. Вақте ман кор мекунам, табиист, ки ҳамсарам бештар бо фарзандон мемонад, агар саводи хуб дошта бошад, кӯдакони бо тарбияро ба воя мерасонад. Бо зани бесавод зиндагӣ бе ранг аст.

ФИРӮЗА, аз ноҳияи Фархор, донишҷӯи ДДТТ:

Муҳим ба сарам мушт набардорад

Бароям диплом доштану надоштани шавҳар фарқ надорад, муҳим ба сарам мушт набардорад. Ман дар зиндагӣ бисёр шӯх ҳастам ва сухани касеро бардошта наметавонам, бар замми ин якравам. Ҳамсарам бояд маро тоқат карда тавонад, даркам кунад, бо фаҳм бошад. Хондан ё нахонданаш барои ман фарқе надорад, муҳим хона дошта бошад, ки дар он ману кӯдаконам зиндагӣ кунем. Сарпаноҳ бошад, боқӣ ҳамааш мешавад.

НУРМУҲАММАД, аз ноҳияи Нуробод, донишҷӯи ДДОТ:

Зани хондагӣ намехоҳам

Намехоҳам ҳамсарам хондагӣ бошад. Кӣ медонад, вай замони донишҷӯияш бо чӣ кор машғул шудааст. Ҳамроҳи кадом ҳамкурсаш гап задааст. Бо кӣ ба куҷо рафтааст. Ҳамаи ин номаълум аст. Духтари хондагӣ худаш шоҳу табъаш вазир мешавад. Ӯ дар осмонҳои баланд парвоз кардааст, магар омада, дар хонаи мо гову молро нигоҳубин мекунад? Духтари хондагиро, ки гирифтӣ, шабу рӯз ғур-ғур мекунад, ки мон ман ба кор бароям. Намехоҳам модари фарзандонам байни мардҳои номаҳрам рафта, кор кунад.

СУРАЙЁ, Вахон, донишҷӯи ДСХ:

Шавҳари хондагӣ мехоҳам!

Дар минтақаи мо ҷавони нохондаро касе намегирад. Пояи хушбахтии оила ин саводнок будани зану шавҳар аст. Ҳар инсоне, ки каме дониш дошта бошад, ҳатман хубро аз бад фарқ мекунад. Зистан бо шахси ҷаҳонбиниаш васеъ бисёр дастоварди калон аст. Зеро ӯ ҳама чизро дарк мекунад. Оне, ки худ нахондаасту ояндае надорад, чӣ гуна метавонад ояндаи фарзандонашро созад?

КОМРОН, аз шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи ДАТ:

Диплом зану мардро хушбахт намекунад

Издивоҷ бо духтари хондагӣ мисли он аст, ки дар назди чашма зиндагӣ мекуниву барои обнӯшӣ ба канори баҳри шӯр меравӣ. Духтар, ки хонд, забонаш дароз мешавад. Гап занӣ, назанӣ, ӯ ҳамеша ҷавоб дорад. Дар зиндагӣ ҳамеша шӯру мағал мебардорад, ки ман заҳмат кашида хондаам. Духтари хондагӣ корҳои хонаро анҷом дода наметавонад. Бисёр гап мегардонад, беш аз ҳад озод аст. Мехоҳад хонаи алоҳида дошта бошӣ, барояш пули калон кор кунӣ, мошин бигирӣ. Баъдан дар тарбияи кӯдак албатта модараш бояд босавод бошад, аммо шарт нест, ки макотиби олиро хонад, вай бе ин ҳам 11 сол дар мактаб таҳсил мекунад. Диплом зану мардро хушбахт намекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *