Назарзода 100 муҳоҷирро аз пулис халос кард
Аз 16 сентябр, баробари тамоми шудани режими боимтиёзи будубоши муҳоҷирон дар давраи пандемия дар Русия, дар шаҳри Маскав боздоштҳои гуруҳии муҳоҷирон оғоз ёфт.
Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, фақат дар як рӯзи 16 сентябр додгоҳҳои Маскав қарори ихроҷ (депортатсия)-и тақрибан 60 муҳоҷирро имзо кардаанд.
Рӯзи 17 сентябр, сар аз соати 13 дар назди истгоҳи метрои «Теплий стан» ҳудуди 100 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла беш аз 50 нафар аз Тоҷикистон дастгир шуданд.
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик навишт, ки муҳоҷирон дар автозак болои ҳам мисли моҳӣ дар бушка бор карда, ба шуъбаи пулиси «Академический», воқеъ дар кӯчаи Большая Черемушкинская, бинои №24, корпуси 2 бурданд.
Ин муҳоҷирон низ шояд сарнавишти 60 муҳоҷири як рӯз қабл ихроҷшударо такрор мекарданд, агар ба кумаки онҳо ноиби аввали консули Тоҷикистон Парвиз Назарзода ва ҳомии ҳуқуқ аз гуруҳи Чупик – Муҳаммад Собиров намерасиданд. Ба онҳо муяссар шуд, ки то нимашаб ҳамаи муҳоҷирони дастгиршударо аз шуъбаи пулиси «Академический» халос кунанд.
Валентина Чупик ин амали ноиби консули Тоҷикистон Парвиз Назарзодаро «қаҳрамонӣ» ва худи ӯро «консули ҳақиқӣ» номид ва аз вай ситоиш кард, ки то даме ки охирин муҳоҷир озод нашуд, шуъбаи пулисро тарк кард. Валентина Чупик таъкид кардааст, ки дипломати тоҷик нафақат ҳамватанҳои худаш аз Тоҷикистон, балки муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсояро низ аз боздошт халос кард ва танҳо баъди ин ба хона баргашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ