Назарзода аз номи Сардори давлат туҳфа тақдим кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-полковник Рустам Назарзода ҳайати кормандони техникии КҲФ-ро ба муносибати Соли нав муборакбод намуда, аз номи Сардори давлат туҳфа супоридааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, туҳфаҳо иборат аз ҳар гуна шириниҳо, орд, шакар, биринҷ ва картошка будаанд.

Ҳамчунин, барои сарбозон ва афсарони ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ дастурхони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардидаанд.

— Маврид ба ёдоварӣ ва таъкид аст, ки имрӯз дар ҳамаи раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ, аз ҷумла раёсатҳои КҲФ дар Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва шуъбаҳои ноҳиявӣ низ маросими супоридани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои тантанавии солинавӣ баргузор шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *