ДДТТ ҳам дар корхонаҳо филиали кафедра боз кард

Дар соли 2023 аз 753 донишҷӯе, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм карданд, ҳамагӣ 13 нафарашон сазовори дипломи аъло гардиданд.

Ин нукта дар нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур садо дод.

Назарзода Хайрулло, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот соли 2023  дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо 4 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ кушода шуд.

Гуфта шуд, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои филиал дар шаҳри Хуҷанд, литсей дар Душанбе, 3 бинои хобгоҳ барои 670 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон, 10 кафедраи тахассусӣ ва 3 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *