Назарзода кӣ буд?
«Раҳмат ба ҳамин журналистон, ки камтар моро хабардор карда меистанд…” Рӯзи 27 феврал дар чорчӯби тағйироти кадрӣ Авазҷон Назарзода аз мақоми додситони шаҳри Панҷакент рафт. Авазҷон Назарзода, зодаи Исфара, дар мақоми додситони Панҷакент 5 сол кор кард ва аз худ хотироти мусбат ба ҷо гузошт. Назарзода ба гузоришҳои матбуот дар бораи камбудиҳо ва қонуншиканиҳо дар Панҷакент ҳамеша вокуниш мекард ва нахустин прокуроре буд, ки маъмурияти мактабҳоро маҷбур кард, то пули аз хонандагон ва волидони онҳо барои тармими мактаб ҷамъовардаашонро баргардонда диҳанд.
—Ба қассобон мефаҳмонем, ки чи хеле хостанд нархи гӯштро муайян накунанд, монополия кардани қассобонро минбаъд зери назорат мегирем.
—Заминфурӯшӣ, фиребу найранги кормандони ин ниҳод дар ин самт ба авҷи аъло расидааст. Инсоф доред? Чаро мардумро ин қадар сарсон мекунед? Даҳҳо далел ҳаст, ки дар самти заминфурӯшиву тақсимоти он метавонад шуморо пушти панҷара барад.
—Ширкатҳои шириву қаннодӣ боянд донанд, ки меъдаи мардуми Панҷакент оҳанин нест. Кӣ ба онҳо иҷозат додааст, ки маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлаташон гузаштаро ба Панҷакент оварда фурӯшанд? Агар ҳамин тавр кардан гиранд, аз бозори Панҷакент онҳоро маҳрум мекунем.
—Масъулини ҳукумати Панҷакент, ҳуҷҷатҳоро омӯхта баъд ба раиси шаҳр барои имзо мондан пешниҳод кунед. Алакай чанд эътироз ба қарорҳои раис овардем, ки он ба шаъни роҳбари шаҳр намезебад ва ба ҳамааш шумо гунаҳкоред. Зеро раис вақти хондани ҳамаи ҳуҷҷатҳоро надоранд.
—Дар Ахбор.ком хабари пайваст кардани канализатсия ба ҷӯй баромадаст, хондед? Ман як чизро намефаҳмам. Чаро вақте, ки аз тарафи ВАО матлаб чоп мешавад, вокуниш намекунед? Раҳмат ба ҳамин журналистон, ки камтар моро хабардор карда меистанд…
Ин ҳамагӣ чанд иқтибос аз суханрониҳои прокурори ҳамакнун собиқи шаҳри Панҷакент Авазҷон Назарзода дар ҷаласаҳо аст. Овозаи иваз шудани прокурори шаҳри Панҷакент дирӯз дар байни мардум барқвор паҳн гардид. Гурӯҳе ба рафти ӯ афсӯс мехӯрданду гурӯҳе хурсанд шуданд.
Аммо рӯшанфикрони панҷакентӣ мегӯянд, Авазҷон Назарзода аз нафароне буд, ки бо фаъолияти назаррасаш номашро дар таърихи Панҷакент сабт кард.
Ӯ моҳи январи соли 2014 ба вазифаи прокурори шаҳри Панҷакент таъин гардид. Он замон Авазҷон Назаров буд ва сипас насабашро тоҷикӣ намуд. Дар муддати кӯтоҳ аз фаъолияти хеш дарак дод. Аввалин коре, ки ӯ иҷро намуду сархати расонаҳо гардид, ин буд, ки барои танзими нархи гӯшт бо қассобон «ҷанг” эълон кард.
Авазҷон Назарзода ҳамчунин парвандаи ҷиноятии, ки як нафарро, ки хонандаи мактабро таҷовуз намудаву ҳомиладор кардаву бо ин вуҷуд ду маротиба аз тафтишон соф баромада буд, аз нав дида баромада гуноҳи он мардро исбот ва ба зиндон кашид.
Боздошт ва аз мансабашон сабукдӯш намудани собиқ сардухтур ва ҷонишини сардухтури таваллудхонаи шаҳри Панҷакент дар соли 2015, яке дигар аз қаҳрамониҳои прокурор буд. Зеро шикоятҳои зиёде аз порагии кормандони таваллудхона дар ҳақиқат ҷой дошт.
Барои аввалин бор дар Панҷакент Назарзода маблағи аз хонандагони мактаб ҷамъовардаро, ки беш аз 332 000 сомониро ташкил медод, ба волидонашон баргардонид ва таъкид намуд, ки пулҷамъкунӣ дар мактабҳо хотима дода шаваду таъмир аз ҳисоби на хонандагон балки ҳукумати маҳаллӣ гузаронида шавад.
Рӯзноманигорон ва коршиносон аз Панҷакент мегӯянд, дар тӯли фаъолияти Авазҷон Назарзода, 2 раиси шаҳр, 3 сардори милиса, 2 раиси суд, ва дигар мақомотҳои қудратӣ чанд бори иваз гардиданд, вале ӯ муддати зиёда аз 5 сол кор кард. Бо рӯзноманигорон муомила ва ҳамкории судманд дошт. Ба матлабҳои дар матбуот ба хусус сомонаи «Ахбор” ба нашр расида вокуниш мекард ва ё масъулинро супориш медод, ки вокуниш кунанд.
Як манбаъ аз мақомоти прокуратура иттилоъ дод, ки фаъолияти Авазҷон Назарзодаро ҳатто роҳбарияти Прокуратураи генералӣ қадр мекунанд ва гуфтаанд, ки ҳамчун таҷрибаи намунавӣ дар дигар минтақаҳо ҷорӣ кунанд.
«Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ