Назди мактабу кӯдакистонҳо силоҳ мегузоранд… Ин ба нафъи кист?
Маълумот дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украинаро вазири дифои Русия бо интиқод аз шеваҳо расонаӣ кард.
Амалиёти низомӣ барои ҳифзи Донбассро неруҳои мусаллаҳи Русия то расидан ба ҳадафҳои гузошташуда идома медиҳанд. Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар зимни як нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дод.
«Неруҳои мусаллаҳи Русия то расидан ба ҳадафҳои гузошташуда амалиёти вижаи низомиро идома хоҳанд дод»,- гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин зикр намуд, ки фаъолияти неруҳои мусаллаҳи Русия барои ҳифзи аҳолии Донбасс ва ғайринизомисозии Киев роҳандозӣ шудааст.
Чи тавре, ки ӯ маълумот медиҳад, ишғоли Украина аз нақшаи артиши Русия нест.
«Мехоҳам таъкид намоям, ки зарбаҳо танҳо ба ҳадафҳои низомӣ ва бо силоҳҳои дақиқ анҷом дода мешаванд»,- гуфт вазири дифоъ.
— Ҳамчунин, Шойгу аз амалкарди неруҳои мусаллаҳи Украина интиқод кард, ки мардуми осоиштаро ҳамчун «сипари зинда» истифода карда, дар саҳни хонаҳо, назди мактабу кӯдакистонҳо силоҳ мегузоранд,- мегӯяд Sputnik.
Ба низомиёни рус вазири дифоъ дар охир барои далерӣ, қаҳрамонӣ, иҷрои амр ва вазифаҳои гузошташуда изҳори сипос намуд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24-уми феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Ҳадафи онро президент Владимир Путин ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки «демилитаризатсияи Украина» анҷом дода шуда, тамоми содиркунандагони «ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта» дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Гуфта мешавад, ки дар амалиётҳои Вазорати дифои Русия неруҳои мусаллаҳ танҳо ба неруҳои Украина зарба мезананд ва ҳич чиз мардуми осоиштаро ба таҳлука наоварад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ